Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳоло бархе аз кишварҳои арабӣ, аз қабили Амороти Муттаҳидаи Араб аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар бобати табодули мол ба ҳисоб мераванд, Қатар дар Душанбе ба амалӣ кардани лоиҳаҳои сохтмонӣ шурӯъ намуд, ки яке аз онҳо бунёди масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Бо кишварҳои арабӣ ташаккул додани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ идома дорад. Бо ин давлатҳо вобаста ба сатҳу доираи муносибатҳо санадҳои зиёди дуҷониба ба имзо расидаанд. Масалан, миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зиёда аз 40 санади муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, фарҳанг, варзиш ва кор бо ҷавонон ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои кишварҳои дӯстро муайян месозанд.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои мушаххаснамудаи Роҳбари давлат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар муносибат бо ҷаҳони ислом пайгирона амалӣ гардида, шаклгирӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳои манфиатовар сол то сол суръат мегиранд ва шаклу мазмуни навро соҳиб мешаванд.
Ҳамзамон бо ин дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Муколамаи ҳамкории Осиё Тоҷикистон бо кишварҳои мусулмоннишин, хусусан давлатҳои арабӣ робитаҳои густардаро пеш мебарад, ки ҷавҳари онро рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ягонасозии мавқеъгириҳо ва дастгирии манфиатҳои якдигар ташкил медиҳад.
Ба шарофати чунин сиёсати мудаббирона Президенти Тоҷикистон дар олами арабиву исломӣ чун посдори фарҳангу тамаддуни асили исломӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои судманд эътироф гардидааст.

Муносибатҳо бо олами Ғарб

Роҳбари давлати Тоҷикистон ба ривоҷ додани муносибату ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо ва Америка таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, аз ибтидо баҳри густариши ҳамаҷонибаи онҳо кӯшишҳои сохторҳои марбутаро равона намуд. Ин буд, ки фаъолияти муттасил ҷараён гирифта, робитаҳо дар самтҳои гуногун ботадриҷ вусъат ёфтанд. Вале давраи ташаккулёбии ҳамкориҳо вобаста ба вазъи Тоҷикистон ва муайян кардани сиёсати кишварҳои ғарбӣ нисбат ба давлати тозаистиқлол, албатта, вижагиҳои худро дошт ва аз ин лиҳоз таърихи ҳамкориҳоро ба ду давра – то соли 2001 ва баъд аз он ҷудо кардан мумкин аст.

пешина
аз 228
навбатӣ