Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар давраи аввал (солҳои 1991-2001) кишварҳои Ғарб (Аврупо ва Америка) раванди соҳибистиқолол шудани ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳти мушоҳида гирифта, пас аз расман барҳам хӯрдани ИҶШС пайи ҳамдигар онҳоро ба расмият шинохтанд. Сипас боздидҳои корию расмии ҳайатҳои гуногун шурӯъ шуданд, ки мақсад аз онҳо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, таҳлили вазъият ва муайян кардани стратегияи ҳамкориҳо буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соли 1993 ҷиддан ба густариш додани муносибатҳо бо кишварҳои Ғарб рӯ оварда, онҳоро барои ҳамкорӣ ҷалб намуд. Дар ҷавоб ба ин кӯшишҳо кишварҳои Ғарб пайи ҳам барои фаъол сохтани робитаҳо бо Тоҷикистон алоқамандӣ зоҳир намуданд, ки чанд самти муносибати онҳоро бо ҷумҳурии мо дар он давра зикр кардан бамаврид аст:
а. Дастгирии сиёсии роҳбарияти олии Тоҷикистон, бахусус дар мавриди хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба эътидол овардани вазъияти ҷумҳурӣ. Чунин дастгирӣ аз ҷониби давлатҳои алоҳида ва намояндагони онҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мунтазам ба мушоҳида мерасид.
б. Расонидании кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла, ғизо, сару либос, доруворӣ ва ғайра. Чунин кумакҳо пеш аз ҳама дастраси он шаҳрвандоне мешуданд, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин офатҳои табиӣ зарар дида буданд.
в. Дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ барои бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини рушди кишвар. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиии солҳои охир хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои зиёде хароб гардида буданд, ки дар муддати муайян тавассути чунин кумакҳои кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ барқарор карда шуданд.
г. Расонидани кумаки машваратӣ дар бобати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, сохторӣ ва ғайра. Тоҷикистон сохтмони давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин ба роҳ мондани иқтисоди бозориро пеш гирифта буд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо омӯзишу истифодаи таҷрибаи кишварҳои Ғарб зарур буд. Ба ин хотир, мутахассисону коршиносони ғарбӣ, хусусан аз созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ барои ташаккули асосҳои ислоҳот кумаку мусоидат намуданд. Кумаку дастгирии мутахассисони ғарбӣ дар таҳияи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ, ки моҳи ноябри соли 1994 тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, гузаронидани интихоботи Президент (1994), парлумони кишвар (1995), гузаронидани ислоҳот дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррас буд.

пешина
аз 228
навбатӣ