Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

д. Ривоҷ додани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули мол. Ин самт асосан тавассути доираҳои соҳибкорону тоҷирон сурат мегирифт ва Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки харидорони маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ – пахта ва алюминийро аз Ғарб пайдо кунад.
Бояд зикр намуд, ки дар он замон дар чунин доира ривоҷ додани ҳамкориҳо бамаврид буд ва ҷонибҳо барои таҳкиму тавсеаи бештари робитаҳо шароити мусоидро интизор буданд.
Дар баробари ин, дар муносибату ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баъзе хусусиятҳое ҷой доштанд, ки онҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ кардан беҳтар аст.
Ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупоӣ. Албатта муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо дар як сатҳ рушд намеёфтанд. Аз миёни кишварҳои Аврупо Ҷумҳурии Федеративии Олмон аввалин шуда сафорати худро дар Тоҷикистон моҳи июни соли 1993 кушод, ки ин амр ба марҳилаи нави муносибатҳо оғоз ниҳод. Олмон аз муқтадиртарин кишварҳои аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо буда, сафорати он то соли 2001 аз дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ намояндагӣ мекард.
Бояд зикр намуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар соли 1992 дар Душанбе дафтари Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои ИДМ (TACIS)- ро кушода буд, ки бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ баста шуд. Минбаъд Комиссияи Аврупо асосан тавассути маблағгузории дигар созмонҳои байналмилалӣ ва дастгирии шарикон, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, мисли Барномаи СММ оид ба рушд (UNDP), инчунин бо дигар воситаҳои худ ба монанди Барномаи амнияти озуқа (FSP) ва Ҳифзи шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои фақулъода (ECHO) ҳамкорӣ мекард. Соли 1993 Офиси минтақавии Комиссияи Аврупо – Кумаки башардӯстона ва ECHO дар Осиёи Марказӣ бо қароргоҳ дар Душанбе ифтитоҳ гашт. Пас аз як сол Тоҷикистон ба воситаи мубодилаи паёмҳо Созишнома оид ба тиҷорат ва ҳамкориро, ки миёни ИА ва ИҶШС дар соли 1989 имзо гардида буд, ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои равобити дуҷониба ба ИА пешниҳод намуд.
Бо беҳтар шудани вазъияти амниятӣ дар Тоҷикистон дар соли 1995 Барномаи TACIS аз нав ифтитоҳ гардид ва то соли 1997 фаъолияти худро идома бахшид.
Ҳамчунин соли 1998 дар Душанбе Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Душанбе ба кор шурӯъ кард, ки дар густариши муносибатҳо бо ин кишвар саҳмгузор буд.
Дар навбати худ Роҳбари Тоҷикистон баҳри густариши муносибатҳо бо кишварҳои аврупоӣ роҷеъ ба кушодани нахустин намояндагии дипломатӣ дар Аврупо тасмим гирифт ва моҳи сентябри соли 1994 Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Олмон ба фаъолият шурӯъ кард (Сафорат соли 1999 аз Бонн ба Берлин кӯчонида шуд).

пешина
аз 228
навбатӣ