Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пешбинӣ намудани ҷазо нисбат ба давлатҳое, ки аз терроризм пуштибонӣ зоҳир менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол мазмун, мундариҷа ва таркиби ҷиноии мафҳуми «терроризми байналмилалӣ»- ро пурра ва возеҳу равшан муайян накардааст. Дар чунин шароит ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди он мубориза баранд ҳам, дар баробари ин дар пайгирӣ аз манфиатҳои шубҳаноки худ терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бевосита ё бавосита пуштибонӣ менамоянд. Дар ин росто чунин кишварҳо бо истифода аз меъёрҳои дурӯя террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунанд. Аз ин рӯ, нисбат ба давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм саркашӣ мекунанд ва аз террористон пуштибонӣ менамоянд, бояд ҷазо пешбинӣ карда шавад.
Аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ таҳия ва роҳандозӣ намудани барномаҳои фарогири кумаки иқтисодию иҷтимоӣ ва технологию иттилоотӣ ба кишварҳои олами сеюм. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар мубориза бар зидди терроризм танҳо бо истифода аз нерӯи ҳарбӣ ба натиҷаи дилхоҳ ноил шудан ғайриимкон аст. Комилан решакан намудани ин зуҳуроти ҷиноӣ таҳия, қабул ва татбиқи барномаи фарогиреро тақозо мекунад, ки дар он роҳандозии тадбирҳои дастҷамъона дар соҳаҳои амниятӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ ба таври мутаносиб пешбинӣ карда шаванд. Дар доираи ин тадбирҳо кишварҳои мутараққӣ бояд ҷиҳати мубориза бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат ва бекорӣ дар кишварҳои олами сеюм тадбирҳои воқеӣ андешида, барои таҳвили технологияҳои муосир ба ин кишварҳо ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти онҳо шароитҳои заруриро фароҳам оваранд. То он вақте, ки кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф чунин барномаи фароху созандаро таҳия ва амалӣ насозанд, раҳоӣ ёфтан аз терроризм ғайриимкон буда, он ба таври доимӣ дар радифи равандҳои номатлуби глобалӣ қарор хоҳад дошт.
Баланд бардоштани нақши ҳамоҳангсози Интерпол дар мубориза бар зидди терроризм. Ҷиҳати тақвияти мубориза бо маблағгузории терроризми фаромиллӣ дар баробари таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ баланд бардоштани нақши ҳамоҳангсози Интерпол, ки дорои шабакаи фарогир, имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бой дар ин ҷода мебошад, зарур аст. Ба ин мақсад бояд дар Оинномаи ин созмон ҳуқуқи гузаронидани амалиётҳои байналмилалии полисӣ бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккил, нашъаҷаллобӣ ва поксозии маблағҳои ғариқонунии пулӣ пешбинӣ карда шавад.

пешина
аз 228
навбатӣ