Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Барои татбиқи ин матлаб монеаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд, зеро он дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, ки аз ҷониби 150 кишвари ҷаҳон имзо шудааст, дарҷ гардидааст.
Ташкил намудани маъхази умумии маълумот ва шабакаи муштараки иттилоотӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм.
Асри XXI асри инқилоби технологияҳои иттилоотӣ маҳсуб меёбад ва мутаассифона аз ҳосилаҳову имкониятҳои он қувваҳои ифротгаро барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ ҳамаҷониба истифода мебаранд. Ин пеш аз ҳама ба туфайли рушди технологияҳои ҳозиразамон афзоиш ёфтани василаҳои нави ҷанги иттилоотӣ ва зиёд шудани имкониятҳои мухобиротии гурӯҳҳои мухталифи террористӣ вобаста мебошад. Болоравии нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир дар ҷодаи мубориза бо терроризм тақвият бахшидани ҳамкориҳои идораҳои махсуси кишварҳои гуногунро тақозо мекунад. Дар доираи ҳамкории онҳо ташкил намудани маъхази умумии маълумот ва шабакаи муштараки байналмилалии иттилоотӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳия ва қабули усулҳои муассири зиддитеррористӣ, аз ҷумла, василаҳои иттилоотии муқовимат ба он талаботи замон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пайгирӣ аз сиёсати дар ин самт муайяннамудаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ пайваста талош меварзад.
Дар ҳамин қарина ҷумҳурӣ соли 2001 оғози фаъолияти Эътилофи байналмилалии зиддитеррористиро дар Афғонистон дастгирӣ карда, то имрӯз ба он ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар доираи талошҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои манфиатдор соли 2010 Стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ дар Осиёи Марказӣ қабул карда шуд ва ҳоло ҷумҳурӣ дар таҳияи Нақшаи муштараки амалҳо оид ба татбиқи он саҳми фаъол гузошта истодааст.
Асоси ҳуқуқии муборизаро бар зидди терроризм дар сатҳи миллӣ ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Сарқонун, Кодекси ҷиноятӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи муштараки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ба мақсади пешгирӣ ва маҳдуд намудани заминаҳои фаъолияти террористӣ дар Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм тарҳрезӣ шуда, бомуваффақият амалӣ мегардад.
Аз сиёсати самараноки ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди терроризм хулосаҳои Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи мубориза бо терроризм дар кишварҳои ҷаҳон аз рӯи натиҷаҳои соли 2011 шаҳодат медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё