Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тибқи ин хулосаҳо Тоҷикистон дар соли зикрёфта қобилияти худро дар мавриди гузаронидани амалиётҳои босамари зиддитеррористӣ собит сохт. Дар маърӯза инчунин таъкид шудааст, ки «сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо терроризм ба маргинализатсияи гурӯҳҳои исломии радикалӣ, инчунин таҳкими имкониятҳои сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати гузаронидани амалиётҳо дар доираи барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба равона карда шудааст».
Муқовимат алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
Инсоният ба асри XXI дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки яке аз мушкилтарин масъалаҳои ҷаҳонӣ – мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қадам гузошт. Масъалаи мазкур, ки тайи садсолаҳо арзи вуҷуд дорад, дар марҳилаи кунунӣ бо пайдо намудани хислати глобалӣ бидуни истисно барои тамоми кишварҳои ҷаҳон хатари бузургеро эҷод намудааст.
Тибқи маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ айни ҳол дар ҷаҳон тахминан 230 миллион одам навъҳои гуногуни маводи мухаддирро истеъмол менамоянд, ки беш аз 27 миллиони онҳо ба вобастагии доимӣ аз маводи мухаддир мувоҷеҳ буда, ҳар сол қариб 200 ҳазор кас бар асари ин вобастагӣ мефавтад. Миқдори истеъмолкунандагони ин вабои аср мунтазам асосан аз ҳисоби ҷавонон афзоиш меёбад. Барои табобати бемориҳои вобаста ба истеъмоли маводи мухаддир ҳамасола дар ҷаҳон қариб 250 миллиард доллари америкоӣ зарур аст, вале аз сабаби он, ки на ҳамаи нашъамандон ба табобат фаро гирифта мешаванд, ҳаҷми воқеии ин маблағ камтар аст.
Дар баробари ин имрӯз дар саросари дунё тамоюли тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии байналмилалӣ мушоҳида мегардад.
Гардиши молиявии истеҳсолу фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир тахминан 400 миллиард доллари америкоӣ ё 8 фоизи ҳаҷми савдои ҷаҳониро ташкил медиҳад. Имкониятҳои техникию технологии ин намуди саноат бемайлон такмил ёфта, он дастовардҳои навтарини илмӣ-техникиро ба талаботи худ мутобиқ месозад. Бо назардошти вазъи зикргашта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари терроризм ва савдои ғайриқонунии силоҳ аз зумраи он зуҳуроте мебошад, ки боиси изтироби ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳдиду ситезаҳои ин зуҳурот бевосита мувоҷеҳ гаштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ пайваста таъкид месозад, ки «омили асосие, ки густариши вазъи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муайян месозад, афзоиши мунтазами истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон мебошад».

пешина
аз 228
навбатӣ