Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Тоҷикистон ҳарчанд худ кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир нест, вале ба сабаби мавқеияти ҷуғрофӣ ва доштани сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон қаламрави он барои интиқол додани ин мавод истифода мешавад.
Мувофиқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид соли 2007 майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон 193 ҳазор гектарро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсоли он аз 8 ҳазору 200 тонна гузаштааст. Ғайр аз ин, дар солҳои охир дар Афғонистон афзоиши босуръати майдонҳои кишти канабис (бангдона) мушоҳида мегардад.
Дар давоми даҳ соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла, беш аз 30 тонна героин мусодира шудааст.
Вусъати минбаъдаи чунин ҳолат метавонад на танҳо ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад, балки барои амнияти давлатии он низ хатарҳои ҷиддӣ эҷод намояд. Бо назардошти ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳамчун яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллӣ ва суботи кишвар ҳисобида, чи дар сатҳи миллӣ ва чи минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани мубориза бар зидди он фаъолона талош меварзад.
Дар ин қарина Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта ба муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт пайваста, тасмим гирифт, ки ба ҳамаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир шомил шавад.
Ҳамин тариқ, дар давраи солҳои 1995-1996 Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба маводи мухаддир аз соли 1961, Конвенсияи СММ оид ба маводи психотропӣ аз соли 1971, Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва психотропӣ ҳамроҳ гардид.
Ба мақсади тақвияти мубориза бо ин зуҳурот тибқи санадҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 1996 Комиссияи давлатӣ оид ба назорати гардиши маводи мухаддир ва моҳи июни соли 1999 Агентӣ оид ба назорати маводи мухаддир таъсис дода шуданд. Илова бар ин, ҳамчун иштирокчии Меморандуми кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дар соҳаи назорат аз болои истеҳсол, гардиш ва истеъмоли ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо аз 4 майи соли 1996, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2006 Созишнома дар бораи таъсиси Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо (ЦАРИКЦ)-ро ба имзо расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё