Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Кишварҳо дар шароити афзоиши бемайлони қочоқи маводи мухаддир наметавонанд ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок ва таҳдидҳое, ки аз он бармеоянд, дар танҳоӣ муборизаи босамар баранд.
Бино бар ин, роҳбарияти кишвар пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди ин офати ҷаҳонӣ даъват менамояд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи махсуси 20-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи июли соли 1998 пешниҳод намуда буд, ки дар атрофи Афғонистон «камарбанди амниятӣ» ташкил карда шавад.
Сарвари Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мушкил дар ин самт аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ҷиҳати «бастани роҳҳои кашонидани нашъа дар атрофи Афғонистон» ва «вусъати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқию давлатҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба нашъа» тадбирҳои фаврӣ ва самарабахш андешад.
Президенти Тоҷикистон дар ин самт ибтикорҳои худро пайгирона идома дода, аз минбарҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ пайваста тадбирҳои судбахшро манзур менамояд. Муттаҳид намудани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаи қочоқи маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ (Конфронси байналмилалӣ «Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир», соли 1999, Душанбе), ташкили Эътилофи байналмилалӣ бар зидди маводи мухаддир (ҷаласаи 58-уми Маҷмааи Умумии СММ, соли 2003), имзои Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (17 июни соли 2004), ташкили Маркази Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди маводи мухаддир (ҳамоиши сарони давлатҳои СҲШ, соли 2008, Душанбе), таҳияи Барномаи муштараки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳти сарварии СММ ва Соли байналмилалии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эълон намудани соли 2011 (моҳи майи соли 2009, Душанбе), бархе аз ташаббусҳои Сарвари Тоҷикистон дар ин ҷода мебошанд.
Тавре, ки зикр гардид, кӯшишҳои транзити маводи мухаддир ба воситаи Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистони ҳамсоя сурат мегирад. Бо назардошти ин Президенти Тоҷикистон бар он назар аст, ки мубориза бо маводи мухаддир бояд сараввал дар макони парваришу истеҳсоли он ба роҳ монда шавад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки давлатҳои манфиатдор, хусусан ИМА ва дигар кишварҳои иштирокчии Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ кӯшишҳои ҳукумати Афғонистонро дар мавриди қатъи кишт, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир бевосита дар қаламрави ин кишвар ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намоянд. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои байналмилалиро оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуда, дар доираи фаъолияти созмонҳои мухталиф ва берун аз онҳо бо ширкати тарафҳои алоқаманд тадбирҳои судманд манзур кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё