Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Аз ҷумла, пешниҳоди Сарвари Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази зидди маводи мухаддир бо иштироки кишварҳое, ки стратегияи Ҳукумати Афғонистонро дар ин самт ҷонибдорӣ менамоянд, сараввал ба самъи иштирокчиёни Вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба мавзӯи «Афғонистон ва ҳамсояҳои он» (14 декабри соли 2008, Париж) расонида шуд.
Масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва транзити он на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои минтақа хос мебошад. Аз ин рӯ ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди ин зуҳурот дар форматҳои гуногуни минтақавӣ, алалхусус Созмони ҳамкории Шанхай, яке аз ҷузъҳои муҳими сиёсати Тоҷикистон дар ин самт ба шумор рафта, ҷиҳати тақвияти онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас пешниҳод карда мешаванд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2008 Сарвари кишвар дар Саммити душанбегии СҲШ пешниҳод намуд, ки дар заминаи Агентии назди Президенти Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ, инчунин Маркази таълимии махсусгардонидашудаи тайёр намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ташкил карда шаванд.
Қобили тазаккур аст, ки дар чунин Марказ бо назардошти умумияти забониву фарҳангӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон низ таълим гирифта метавонанд.
Қаробати вусъатёбандаи терроризми байналхалқӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва фаромиллӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хатари онҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маротиб меафзояд. Бо назардошти ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар иҷлосияи 58-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қайд намуд, ки хариду фурӯши маводи нашъадор имрӯз ба яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани терроризми байналхалқӣ табдил ёфтааст ва доманаи васеи проблемаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ба амният ва суботи вазъ дар саросари ҷаҳон таҳдид менамояд. Дар иртибот ба ин ӯ изҳор намуд, ки «Тоҷикистон бо назардошти торафт бештар доман паҳн кардани таҳдиди маводи нашъадор ва барои густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза ба муқобили он пешниҳод мекунад, ки ҳамкорӣ ба муқобили таҳдиди нашъа дар саросари ҷаҳон ба роҳ монда шавад», зеро «чунин иттиҳоди доманадори зидди маводи нашъадор дар роҳи паҳн гардидани ин вабои аср садди боэътимод гардида метавонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё