Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҷодаи мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби кишварҳои пешбари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид, дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. Хусусан ташаббус дар мавриди таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон миёни онҳо ҳамраъйии васеъ пайдо намуда, даъвати Тоҷикистон дар бораи созмон додани «Ҳамёрии глобалӣ ҷиҳати муқовимат бо хатари маводи мухаддир» ба номгӯи «Ташаббусҳои муҳимтарини соли 2003 дар соҳаи таъмини сулҳ ва амният» шомил гардид.
29 апрели соли 2005 Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ бо бартарии кулли овозҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси аъзои доимии Кумитаи Байналмилалии СММ оид ба назорати маводи мухаддир интихоб намуд. Бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ташкил намудани Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир, чун лоиҳаи аввалини ин созмон дар самти мазкур дар баробари тарафдорон муқобилони зиёде низ дошт. Аммо натиҷаҳои амалии фаъолияти Агентӣ собит сохтанд, ки ташкили ин сохтор ибтикори комилан саривақтӣ ва дуруст буд. Имрӯз коршиносони баналмилалӣ ташкили онро ба ҳайси яке аз беҳтарин лоиҳаҳо дар низоми Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ менамоянд.
Дар ин росто қобили тазаккур аст, ки таҷрибаи мусбати фаъолияти Агентии мазкур заминаи ташкили сохторҳои ҳамсон дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон гардид.
Ин дастовардҳоро дар маҷмӯъ метавон ҳамчун шаҳодати баҳои баланди ҷомеаи байналмилалӣ ба талошҳои кишвар ва сарвари он Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва эътирофи дастовардҳои Тоҷикистон дар ин соҳа арзёбӣ намуд.
Талошҳо баҳри эътидоли вазъ дар Афғонистон. Таъмини сулҳу субот дар Афғонистон бо назардошти мақоми авлавиятноки ин кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Президенти кишвар мавқеи муҳимро касб намудааст. Аз ин рӯ, имкониятҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи он, пеш аз ҳама, ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон равона шудааст.
Дар ин қарина Тоҷикистон аз қарорҳои Конференсияи Бонн оид ба Афғонистон (моҳи декабри соли 2001) ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва танзими сохтори сиёсии ин кишвар, инчунин ҳукумати нави он бо роҳбарии Ҳомид Карзай ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.
Мавҷудияти сарҳади давлатӣ бо тӯли беш аз 1300 км бо Афғонистон барои Тоҷикистон таҳдиду хатарҳои муассиреро, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир эҷод намудааст.

пешина
аз 228
навбатӣ