Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти Тоҷикистонро бо барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон вобаста шумурда, дар сиёсати байналмилалии худ масъалаи мазкурро ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ арзёбӣ ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба он ҷалб менамояд.
Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 дар суханронии худ дар Иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуда буд, ки дастгирии кӯшишҳои роҳбарияти Афғонистон ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ дар сарзамини машаққатдидаи афғон на фақат ба манфиати ин кишвар ва минтақа, балки ба манфиати тамоми сайёра мебошад.
Зимни ин, Сарвари Тоҷикистон таъкид бар он дошт, ки вақти он расидааст, то дар ин кишвар «ба барқарор кардани ҳаёти осоишта ёрӣ расонда шавад».
Дар партави чунин ҳидоятҳои сулҳофарини Сарвари давлат масъалаи бо роҳҳои сиёсӣ ҳал намудани зиддиятҳои мусаллаҳонаи дохилии Афғонистон дар меҳвари тамоми кӯшишҳои дипломатии Тоҷикистон қарор гирифта буд. Тоҷикистон аз оғози кори «Гурӯҳи ҳамсоягон ва дӯстони Афғонистон» («гурӯҳи 6+2») дар он фаъолона иштирок намуда, минбаъд низ, тамоми тасмимҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон равона шудаанд, дастгирӣ менамояд. Дар Вохӯрии VII сарони кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ (13-14 декабри соли 1994, Касабланка) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз Баёнияи ниҳоӣ ва Қатъномаи ҷаласаи ҳафтуми фавқулодаи вазирони корҳои хориҷии узви ин созмон оид ба Афғонистон изҳор сохта, таъкид намуда буд, ки «мо таҷрибаи талхи ҷанги ҳамватаниро чашидем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли мушкилии бавуҷудомадаи мардуми Афғонистонро бо роҳи зӯроварӣ ва яроқ намехоҳем».
Ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон барои Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти принсипиалӣ дошта, ӯ иқдоми мазкурро василаи ягонаи расидани ин кишвари ҷангзада ба сулҳу субот медонад.
Ин нуқтаи назари Сарвари Тоҷикистон дар сатҳҳои мухталифи ҳамоишҳои ҷаҳонию минтақавӣ борҳо ба маърази баррасӣ гузошта шуда буд. Аз ҷумла, дар вохӯрии ғайрирасмии Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба мавзӯи «Афғонистон ва ҳамсояҳои он», ки 14 декабри соли 2008 дар Париж баргузор гашта буд, ҷониби Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи худ пешниҳод намуд, ки истифодаи механизми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ, барои барқарор намудани сулҳу амният дар Афғонистон мавриди истифода қарор дода шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё