Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тоҷикистон дар давраи раисии худ дар Созмони Конфронси исломӣ (алҳол Созмони ҳамкории исломӣ) дар соли 2010 ҷиҳати фаъол намудани иштироки кишварҳои аъзои ин созмон дар ҳалли масъалаи Афғонистон кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Дар доираи ҷаласаи 37-уми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии СКИ, ки моҳи майи соли 2010 дар Душанбе баргузор гашт, қабул намудани Қатъномаи алоҳида оид ба вазъи Афғонистон далели роҳандозии босамари сиёсати созандаи Сарвари Тоҷикистон дар ин ҷода мебошад.
Бешубҳа, бидуни барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон таъмини амнияти воқеӣ дар минтақа низ имкон надорад. Бино бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд, ки имкониятҳои тамоми кишварҳои манфиатдор, пеш аз ҳама кишварҳои минтақа ба мӯътадил гардидани вазъи Афғонистон ҷалб карда шаванд.
Дар ин росто, бо ташаббуси ӯ дар давоми даҳсолаи сипаришуда, оид ба масъалаи мазкур силсилаи чорабиниҳо сурат гирифтанд.
Аз ҷумла, 22 октябри соли 2001 дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Россия роҷеъ ба авзои Афғонистон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳои Тоҷикистон ва Россия омодагии худро барои ҳалли бӯҳрони тӯлкашидаи Афғонистон изҳор намуданд. Чунин мулоқотҳо минбаъд дар доираи вохӯриҳои сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон- Афғонистон-Россия-Покистон доир гашта, дар доираи онҳо ҷиҳати ҳалли масоили мубрами Афғонистон ва минтақа натиҷаҳои муайян ба даст оварда шуданд.
Ба андешаи Сарвари Тоҷикистон таъмини рушди босуботи Афғонистон зарурат ба он дорад, ки ин кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ тавассути созмонҳои манфиатдор, аз қабили Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба равандҳои ҳамгироӣ ҷалб карда шавад. Ин буд, ки соли 2003 Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба Афғонистон додани мақоми «ҳамшарик оид ба ҳамкорӣ бо САҲА» қарор қабул намуд.
Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буд, ки тамоми тасмимҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, хусусан дар қаламрави Афғонистон ба манфиатҳои Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд. Аз ин лиҳоз, тавре зикр гардид, Тоҷикистон соли 2001 маъракаи байналмилалии зиддитеррористии ИМА ва кишварҳои НАТО-ро дастгирӣ намуда, то кунун ҷиҳати муваффақона амалӣ намудани чораҳое, ки барои ба эътидол овардани вазъи Афғонистон равона шудаанд, бемайлон кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

пешина
аз 228
навбатӣ