Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Иштироки Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти Афғонистон, таъмини сулҳу субот, эҳёи иқтисоди он аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мушаххас шудааст. Зимни ин, омили асосии муносибатҳои хоссаи Тоҷикистон нисбат ба ин кишвари ҳамсоя, на танҳо ба решаҳои ягонаи таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ (чи тавре, ки қаблан зикр гардид) иртибот доранд.
Бо назардошти мавқеи геополитикӣ ва геоэкономикии Афғонистон барқарории сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии ин кишвар метавонад барои рушди ояндаи иқтисодӣ ва диверсификатсияи имкониятҳои инфрасохтории Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварад, ки ин бидуни шубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар мебошад.
Бо назардошти вазъи воқеии ҷомеа, таркиби мураккаби қувваҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву мазҳабии Афғонистон, ки дар меҳвари муносибати стратегӣ бо ин кишвар қарор дода шудаанд, Сарвари Тоҷикистон итминон дорад, ки авзои муташанниҷи дохилии ин кишвари мусибатзадаро танҳо тавассути василаҳои комплексӣ ва фарогир метавон ба эътидол овард.
Амалиёти чандинсолаи қувваҳои Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон бори дигар собит сохт, ки ҳалли масоили ин кишвар фақат аз роҳи низомӣ имкон надошта, онҳо бояд дар маҷмӯъ тариқи роҳандозии василаҳои дигари иловагӣ ва пеш аз ҳама эҳёи иқтисодии кишвар амалӣ карда шаванд. Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 2008 зимни суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии иҷлосияи 63-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор карда буд, ки Афғонистон алҳол на ба зиёд кардани ҳузури низомии мамлакатҳои хориҷӣ дар қаламрави худ, балки ба кумакҳои мушаххаси иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ниёзманд аст.
Роҳбари Тоҷикистон чунин мешуморад, ки тадбирҳои оқилонаи сиёсӣ нисбат ба амалиёти ҳарбӣ ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ манфиати бештаре доранд ва эҳёи Афғонистон пеш аз ҳама ба ҷалби бевоситаи ин кишвар ба лоиҳаҳои гуногуни инфраструктурии нақлиётӣ ва энергетикии минтақавӣ, аз ҷумла, сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, бунёди хатҳои интиқоли газ ва барқхатҳои баландшиддат (ЛЭП), аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи CASA-1000 вобастагӣ дорад. Дар ин росто, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон яке аз тадбирҳое мебошад, ки метавонад ба раванди эҳёи иқтисодии Афғонистон такони созанда расонад. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар қаламрави Тоҷикистон гарави истеҳсоли нерӯи арзону аз назари экологӣ тоза буда, дар ояндаи наздик ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва пеш аз ҳама Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.

пешина
аз 228
навбатӣ