Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар доираи роҳандозии сиёсати Президенти кишвар ҷониби Тоҷикистон дар конфронсҳои Истамбул (с. 2010) ва Бонн (с. 2011) оид ба Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти бузурги масъалаи фаро гирифтани кишоварзони афғон ба барномаҳои кишоварзӣ, ки метавонанд ба парваришу истеҳсоли маводи мухаддир хотима бахшанд, ҷалб намуд. Дар ин ҷода низ, Тоҷикистон мусоидати худро ба кишвари ҳамсоя, аз ҷумла, ҷиҳати таъмини обёрии заминҳои корам пешниҳод кард. Танҳо анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум дар дарёи сарҳадии Панҷ имкон медиҳад, ки дар Афғонистон 1,5 млн. га замин обёрӣ карда шавад. Тоҷикистон инчунин имконият дорад, ки дар барқарорсозии шабакаҳои обёрии Афғонистон саҳмгузор бошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз минбари чандин созмони байналмилавиву минтақавӣ изҳор карда буд, ки инкишофи захираҳои инсонӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифат низ метавонад дар таъмини эҳёи Афғонистон нақши созанда дошта бошад ва Тоҷикистон омода аст дар тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин кишвар саҳми худро гузорад.
Дар ростои ин нукта соли 2011 дар конфронси Бонн оид ба Афғонистон ҷониби Тоҷикистон бо ташаббуси ташкили маркази таълимии бисёрсоҳаи касбӣ-техникӣ барои хоҷагии халқи Афғонистон баромад карда, аз кишварҳо ва созмонҳои ҳамёр даъват ба амал овард, ки барои татбиқи ин лоиҳа мусоидат намоянд.
Бо хуруҷи қувваҳои Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар соли 2014 мундариҷаи сиёсати ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба равандҳои эътидоли вазъи Афғонистон сифатан тағйир хоҳад пазируфт. Дар ин қарина, Сарвари Тоҷикистон талош меварзад, ки мазмуни ин сиёсат ба мисли пеш боқӣ монда, расонидани кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба Афғонистон идома ёбад. Зимни ин, лоиҳаҳои барқарорсозии иқтисодии Афғонистон бояд ба унсури асосии ин кумакҳо табдил ёбанд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҳадафи ниҳоии худ – таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва ҳаёти арзанда барои мардуми он ноил гардад.
Дар пайгирӣ аз ин тасмимҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-27 марти соли 2012 дар ш. Душанбе Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) доир гардид, км дар кори он ҳайатҳои баландмақоми 46 кишвар,
30 созмони байналмилалӣ ва олимону муҳаққиқон, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ иштирок доштанд.
Вазифаҳои бисёрсамтаи Конфронс дар рафти иҷлосияи умумӣ, нишастҳои гурӯҳҳои кории он, инчунин мулоқотҳои ғайрирасмӣ, симпозиуми илмӣ, анҷумани соҳибкорон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

пешина
аз 228
навбатӣ