Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чунин доираи васеи баррасии мавзӯъҳо барои роҳандозии воқеии мақсаду ҳадафҳои ниҳоии Конфронс нақши муҳим бозиданд.
Аз ин лиҳоз, метавон бо боварӣ иброз намуд, ки натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, чи тавре, ки дар оғози он Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, дар ҳалли қазияи ин кишвар ба як гардиши воқеӣ метавонад замина гузорад. Меҳвари ин гардишро тасмими кишварҳои иштирокчӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ба ҳайси омили асосии эҳёи сулҳу субот дар Афғонистон ташкил медиҳад. Тибқи натиҷаҳои Конфронси мазкур, ки дар санади ниҳоии он – Эъломияи Душанбе-2012 дарҷ гардиданд, кишварҳои ҳамёр 17 лоиҳаи мушаххасро дар соҳаҳои инфрасохторӣ – роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳои автомобилгард, иншоотҳои энергетикӣ, инчунин рушди захираҳои инсонӣ, таълими ҳирфаӣ ва бозори меҳнат, сармоягузорӣ, тиҷорат, транзит, идораи сарҳадот ва ғ.
барои омӯзиш ва татбиқ муайян намуданд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, воқеияти имрӯза бо исрор талаб менамояд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ба он вобаста, бо назардошти истифодаи комили имкониятҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, НАТО, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои манфиатдор тавассути қабули тадбирҳои превентивӣ ва ташаббусҳои дурандешонаю созанда тақвият дода шаванд.
Дар ин росто, муваффақияти қувваҳои Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон, кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар ин кишвар метавонад дар марҳилаи кунунӣ дар маҷмӯъ барои амнияти кишварҳои минтақа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз дошта бошад. Бо назардошти масъулияти маънавӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳаёти осоишта ва созандаи наслҳои ояндаи ин минтақа ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки барои ба анҷоми мантиқӣ расонидани ин рисолати сарнавиштсоз тамоми чораҳоро бидуни истисно амалӣ намояд.
Ба ҳамин нукта ишора карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нутқи ифтитоҳии худ дар конфронси зикршуда – RECCA-V иброз намуд, ки тағйироти тайи чанд муддати охир дар равандҳои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор вокуниш ва ташаккули муносибатҳои ба воқеияти нав ҷавобгӯ ва мутаносибро тақозо менамоянд». Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «мазмун ва мӯҳтавои чунин муносибот ба дӯши мо масъулияти боз ҳам бузургтареро барои ояндаи Афғонистон ва минтақа вогузор менамояд» ва «фақат роҳандозӣ намудани чунин муносиботи фарогир ва мутаносиб имкон медиҳад, рушди устувор ва суботу амнияти минтақавӣ дар баробари ташаккули вазъи Афғонистон, таъмин гардад».

пешина
аз 228
навбатӣ