Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сарвари Тоҷикистон боварӣ дорад, ки татбиқи сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии Афғонистон метавонад собит созад, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҳар як фард, миллатҳо, давлатҳо, минтақаҳо ва ҷаҳон имкониятҳои бузурги истифоданашуда вуҷуд доранд ва ба ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати барпо намудани ҳаёти арзанда барои инсоният рӯҳу илҳоми тоза бахшад. Бино бар ин, ӯ изҳор намуд, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода минбаъд низ бемайлон барои дастёбӣ ба чунин натиҷаи нек пайгирона роҳандозӣ хоҳад гашт.
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мусоидат намуданд. Дар баробари ин, ташаббусҳои мазкур боис гаштанд, ки шахсияти сиёсии Президенти Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва миёни кишварҳои хурду бузурги сайёраи мо ҳамчун сарвар ва пешвое шинохта шавад, ки дар сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонааш миёни арзишу ормонҳои миллии кишвараш ва ниёзҳои дунёи муосир таносуб ва тавозуни оқилона эҷод намудааст.

Дипломатияи оби Тоҷикистон

Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.
Дар ин қарина қобили тазаккур аст, ки ин ибтикорҳо дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ҳамовозии самимона пайдо намудаанд. Хусусан аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013» аз таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Сарвари Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

пешина
аз 228
навбатӣ