Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Оғози ибтикорҳои созанда. Моҳи сентябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки вақти он расидааст, то «таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад»
ва «Тоҷикистон бо ин мақсад пешниҳод менамояд, ки соли 2003 соли байналхалқии об эълон карда шавад».
Аз нигоҳи Сарвари Тоҷикистон муҳимтарин омиле, ки зарурати ба маърази таваҷҷӯҳи аҳли олам баровардани масъалаи оби тозаро тақозо менамояд, маҳдуд будани захираҳои он мебошад, ки дар маҷмӯъ бо афзоиши аҳолии сайёра, фаъолияти иқтисодии инсоният, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим ба пайдоиши силсилаи мушкилоти глобалӣ сабаб гаштааст. Бо назардошти ин нукта Сарвари Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои гуманитарии масъала ишора намуда, таъкид сохт, ки «ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд».
Дар ҳақиқат масъалаи норасоии об алҳол барои аксари минтақаҳои сайёра, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба масъалаи мубрамтарин табдил ёфтааст. Дар баробари ин, масъалаи мазкур барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ торафт аҳамияти доғ пайдо менамояд. Маълумоти ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои илмӣ-тадқиқотӣ мушкилоти афзояндаро дар ин соҳа чи дар миқёси ҷаҳонӣ ва чи минтақаву кишварҳои алоҳида собит месозанд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об муаррифӣ шуда буд, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар зиёд шудааст.
Дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рушдёбанда то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасии нобаробар боқӣ монда, имкониятҳои технологии поксозии об барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа, инчунин коркарди оби истифодашуда маҳдуд мебошанд. Дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ қариб 5 миллиард одам, ки тахминан 67 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аллакай то соли 2030 аз оби тоза маҳрум хоҳанд шуд.
Алҳол дар рӯи замин 6,6 миллиард одам ҳаёт ба сар мебарад, афзоиши солонаи он бошад 80 миллион нафарро ташкил медиҳад.
То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 10 миллиард расида, зимни ин афзоиши аҳолӣ асосан ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки аллакай аз норасоии об танқисӣ мекашанд, рост хоҳад омад. Дар баробари ин ҳамасола талаботи аҳолии дунё ба оби тоза ба қадри 64 миллион метри кубӣ меафзояд.

пешина
аз 228
навбатӣ