Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар сурати боқӣ мондани раванд то соли 2030 нисфи аҳолии ҷаҳон ба таҳдиди норасоии об мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Агар соли 2000-ум норасоии солонаи об дар ҷаҳон 230 миллиард метри мукаабро ташкил дода бошад, пас то соли 2025 ин рақам 10 маротиб афзуда, ба 2 триллион метри мукааб хоҳад расид. Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати бовусъати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Тибқи тахмини коршиносон бар асари норасоии об то 700 миллион нафар маҷбур хоҳанд шуд, ки макони зисти доимии худро тарк намоянд.
Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ (World Resources Institute) захираҳои солонаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ 293 миллиард метри мукааб ва ба сари ҳар як нафар аҳолӣ 6100 метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истифодаи оби тоза ба сари ҳар як нафар аҳолӣ аз 2000 метри мукааб дар Тоҷикистон то 4900 метри мукааб дар Туркманистонро ташкил медиҳад. Зимни ин тибқи маълумотҳои омории солонаи кишварҳои минтақа ин
33 нишондод дар Тоҷикистон – 1,96 ҳаз. м, Қазоқистон – 2,35 ҳаз. м,
33 Қирғизистон – 2,38 ҳаз. м, Ӯзбекистон – 3,42 ҳаз. м ва Туркманистон
3
– 4900 ҳаз. м-ро ташкил медиҳанд.
Нишондодҳои мазкур ҳарчанд нисбат ба аксари минтақаҳои дигари ҷаҳон паст бошанд ҳам, вале ин маънои норасоии обро надорад.
Тибқи ҳисобҳои Институти захираҳои ҷаҳонӣ норасоии об дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки истифодаи он ба сари аҳолӣ камтар аз 1700 метри мукааб бошад. Сабаби асосии норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба он вобастааст, ки кишварҳои поёноб 70 фоизи захираҳои обии мавҷударо асосан барои талаботи соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд.
Қайд кардан зарур аст, ки истеъмоли асосии об дар минтақа ба
3 Ӯзбекистон (59200 млн. м/сол) рост меояд, ки он дар маҷмӯъ ба истеъмоли муштараки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва
3 Туркманистон (68930 млн. м/сол) баробар аст. Ӯзбекистон 88,5% ҳаҷми обро барои талаботи соҳаи кишоварзӣ сарф месозад.
Зимни ин исрофи барзиёди об ба воҳиди маҳсулот аз нишондодҳои ҷаҳонӣ аз 3 то 10 баробар зиёд мебошад, ки ин пеш аз ҳама ба системаи кӯҳнашуда ва бесамари обёрисозии кишварҳои минтақа вобаста мебошад. Талафоти иқтисодии истифодаи нооқилонаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ тибқи маълумоти Барномаи рушди СММ (ПРООН) ҳамасола 1,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Чи тавре, ки маълум аст, яке аз масъалаҳои дигари доғ дар минтақа масъалаи хушкшавии баҳри Арал мебошад. Вале масъалаи мазкур низ пеш аз ҳама, натиҷаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва исрофи об дар ин соҳа мебошад. Масоҳати заминҳои обёришаванда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё