Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
бамаротиб афзуда, аз 4 миллион гектари соли 1960 имрӯз қариб ба
9 миллион гектар расидааст. Инчунин дар ин давра дар қаламрави кишварҳои поёноб зиёда аз 100 обанбори калонҳаҷм сохта шуд, ки зарфияти умумии онҳо аз масоҳати имрӯзаи баҳри Арал якуним баробар зиёд мебошад.
Зиёд гардидани теъдоди аҳолӣ низ ба кам шудани вуруди об ба баҳри Арал мусоидат намудааст. Теъдоди аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 1956 тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медод, имрӯз ба 63 миллион нафар расидааст.
Дар чунин шароит танзими истифодаи захираҳои об дар сатҳи байнидавлатӣ, бешубҳа, ҳамчун василаи асосии ҳалли масъалаҳои зикршуда дар минтақа мебошад. Вале кӯшишҳои кишварҳои болооб ҷиҳати дар минтақа таъсис додани консорсиуми обӣ-энергетикӣ, ки метавонад ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ замина гузошта, ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат намояд, бар асари мавқеи ғайриконструктивии баъзе кишварҳои поёноб то ҳол ба натиҷаи мусбат нарасидааст.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар он захираҳои об нисбатан фаровонанд. Ҳар сол дар қаламрави он 64 миллиард метри мукааб оби равон ташаккул меёбад, ки қариб 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Аз чунин ҳаҷми бузурги об камтар аз 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ сарф шуда, ҳаҷми боқимондаи он ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мегардад.
Бо вуҷуди захираҳои фаровони об таъмини як қатор ноҳияҳои мамлакат бо оби тоза ба масъалаи душвор табдил ёфтааст ва беш аз 40 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасии маҳдуд дорад. Ҷумҳурӣ айни ҳол аз рӯи нишондиҳандаҳои қиёсии замини кишт ва истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон фалокатҳои табиӣ, нарасидани қувваи барқ, камбуди маблағ дар соҳаи истифодаи об ва омилҳои дигар, ки ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии кишвар таъсири харобиовар мерасонанд, ҷой доранд. Чунин ҳолат бо вуҷуди кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии он, ба раванди пешрафти Тоҷикистон монеа мегардад.
Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ҳалли масъалаҳои марбут ба об чун ҷузъи ҷудонашавандаи Барномаи миллии стратегияи рушд ва Барномаи стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудаанд. Бо назардошти мушкилоти зикршуда, Тоҷикистон инчунин дар доираи татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба ҳайси яке аз кишварҳои озмоишӣ қарор гирифтааст. Дар доираи татбиқи ҳадафҳое, ки дар ин барнома муқаррар карда шудаанд, танҳо барои то соли 2015 ба қадри ду баробар коҳиш додани теъдоди аҳолие, ки ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ дорад, қариб як миллиард доллари америкоӣ зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё