Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Масъалаҳои марбут ба об. Дар баробари ин норасоии об ба эҷоди силсилаи дигар масъалаҳои ҳалталабе сабаб гаштааст, ки дар сурати вусъаташон метавонанд кишварҳову минтақаҳо ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ мувоҷеҳ созанд. Бо ишора ба ин нукта Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи зикршудаи Маҷмааи Умумии СММ изҳор намуд, ки «проблемаи об ҳамзамон бо ҷиҳати соф гуманитарии он, инчунин ҷиҳатҳои дигар, аз ҷумла ҷиҳатҳои иқтисодӣ ва экологӣ низ дорад».
Тахминан 1 миллиард одам ба оби тозаи ошомиданӣ дастрас нестанд. Қариб 80% бемориҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба истеъмоли оби пастисифат вобастаанд. Бар асари ин бемориҳо ҳар сол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 5 миллион нафар одам, ҳар 17 сония бошад як кӯдак ба ҳалокат мерасанд.
Имрӯз миқдори одамоне, ки имконияти аз қубурҳои об истифода бурданро надоранд, нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта зиёдтар гаштааст. Илова бар ин 1,4 миллиард одам бо қувваи барқ таъмин нестанд, 1 миллиард одам ба норасоии озуқа гирифторанд. Аз рӯи маълумотҳои соли 2010 тахминан 2,5 миллиард одам аз системаи ҳозиразамони корезҳои обпарто ва воситаҳои санитарӣ маҳрум мебошанд.
Эҳтиёҷоти афзоянда ба маҳсулоти озуқа, хусусан маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ба зиёд шудани истеъмоли об мусоидат менамояд. Тибқи пешбиниҳои коршиносон, то соли 2050 талаботи ҷаҳонӣ ба об дар маҷмӯъ 70%, аз ҷумла истеъмоли глобалии об дар соҳаи кишоварзӣ 19% хоҳад афзуд.
Истеҳсоли аксарияти маҳсулоти саноатӣ ба истифодаи об ва қувваи барқ ниёз дорад. Бино бар ин тавсеаи фаъолияти иқтисодӣ талаботро ба онҳо зиёд хоҳад намуд. Дар навбати худ барои таъмини фаъолияти воситаҳои истеҳсоли қувваи барқ низ, хусусан барои таъмини раванди технологии нерӯгоҳҳои барқии ғайриобӣ, истифодаи об зарур мебошад.
Тибқи маълумоти СММ талафоти иқтисодии аксари минтақаҳо ва кишварҳои ҷаҳон аллакай аз 0,5% то 2,5% ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳоро ташкил медиҳад.
90% офатҳоии табиӣ дар ҷаҳон ба об вобаста мебошанд. Солҳои охир афзоиши шумора ва оқибатҳои харобиовари чунин рӯйдодҳо мушоҳида мегардад, ки ин бидуни шубҳа, барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Дар як қатор кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар давраи солҳои 1990-2000 зарар аз офатҳои табии аз 2% то 15% ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти солонаи онҳоро ташкил дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё