Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гармшавии иқлим низ ба зиёд шудани офатҳои ба об вобаста мусоидат менамояд. Мувофиқи ҳисоби коршиносон хароҷот барои мутобиқ шудан ба болоравии ҳарорати миёнаи глобалӣ дар ҷаҳон О ба қадри 2 дар давраи солҳои 2020-2050 дар маҷмӯъ метавонад аз
70 то 100 миллиард доллари ИМА-ро ташкил диҳад. Аз ин ҳисоб аз 13,7 то 19,2 миллиард доллар бояд барои талаботи «бахши об» – пеш аз ҳама, нигоҳдории низоми таъмини об ва пешгирии обхезиҳо сарф карда шавад.
Дар аксари минтақаҳо бар асари истифодаи бесамари захираҳои обӣ, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ дар маҷмӯъ бо гармшавии иқлим, хушкшавии ҳавзу кӯл ва ҳатто баҳрҳо мушоҳида мегардад, ки баҳри Арал мисоли возеҳи чунин ҳолат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи зикршудаи Маҷмааи Умумии СММ изҳор намуд, ки ба андозаи афзудани аҳолӣ «зуҳуроти «задухурд»-и давлатҳо барои ба даст овардани манбаъҳои оби тоза» характери воқеӣ мегирад. Бо назардошти ин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «масъалаи об мисли дигар проблемаҳои асри оянда бо масъалаҳои амният дар шароити ба ҳамдигар вобаста будани мамлакатҳо» алоқамандии бевосита дорад.
Дар ҳақиқат, масъалаи истифодаи захираҳои обӣ дар муносибати кишварҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол менамояд, зеро аксари дарёҳои бузурги дунё дарёҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Мувофиқи маълумоти СММ дар ҷаҳон зиёда аз 200 ҳавзаҳои обӣ дар қаламрави ду ва зиёда кишварҳо ҷойгир шудаанд. Бо назардошти ин, коҳиш ёфтани захираҳои обӣ эҳтимоли сар задани муноқишаҳои байнидавлатиро барои дастёбии бештар ба онҳо меафзояд.
Идомаи талошҳо. Дар нишасти 87-уми умумии Маҷмааи Умумии СММ (20 декабри соли 2000) қабул гардидани Қатъномаи он дар хусуси Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003 гувоҳи пазируфта шудани ибтикори нахустини Президенти Тоҷикистон дар ҷодаи ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили вобаста ба об мебошад.
Дар доираи тавсеаи ин ташаббус, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои махсусгардонидашудаи СММ 30 августи соли 2003 дар ш. Душанбе Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза баргузор карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш диққати ҳозиринро бори дигар ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла, кӯли Сарез ва баҳри Арал ҷалб намуда, дар охир пешниҳод намуд, ки солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шаванд. Сарвари ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки «ин иқдом ҷавобгӯи Эъломияи ҳазорсола оид ба масъалаи оби тоза хоҳад шуд», ки яке аз ҳадафҳои он то соли 2015-ум дар ҷаҳон ду баробар кам кардани шумораи одамони аз оби тоза маҳрумро пайгирӣ менамояд.

пешина
аз 228
навбатӣ