Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин иқдом байни иштирокчиён ҳамовозии якдилона пайдо намуда, оид ба он Даъватномаи Ҳамоиш қабул карда шуд.
Президенти Тоҷикистон дар заминаи ин дастгирӣ моҳи декабри соли 2003 онро ба маърази иҷлосияи 58-уми СММ манзур намуда, изҳор дошт, ки эълони даҳсолаи оби тоза имкон медиҳад, ки масъалаи норасоии об ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи ҷаҳон қарор гирад. Зимни ин ӯ таъкид намуд, ки «ин барои бақои ҳаёт дар Замин ва таъмини рушди устувор аҳамияти фавқулода муҳим дорад». Маҷмааи Умумии СММ 23 декабри соли 2003 дар бораи эълони «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015» Қатънома қабул намуда, тибқи он ба даҳсола аз 22 марти соли 2005 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои обӣ оғоз бахшид.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ибтикорҳои Сарвари давлат ва ба мақсади пешбурди ҳадафҳои «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015» як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, 30 майи соли 2005 дар асоси Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои он дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромиллӣ ва соли 2008 Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об баргузор карда шуданд.
Дар доираи ин конфронсҳо бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон як зумра тавсия ва пешниҳодҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли босамари масъалаҳои марбута қабул карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби иштирокдорони конфронс ташаббусҳо дар бораи ихтисос додани қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» ҷиҳати зиёд намудани кумак ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дар ҳалли проблемаҳои об, инчунин ташкили Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез барои таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дастгирӣ ёфтанд.
Ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти нимаи аввали «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015» дар иҷлосияи 60-уми Маҷмааи Умумии СММ пешниҳод гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори он Конфронси байналмилалӣ гузаронида шавад. Дар иртибот ба ин 21 декабри соли 2009 Маҷмааи Умумии СММ дар бораи зарурати гузаронидани шарҳ (обзор)-и миёнамӯҳлати рафти татбиқи даҳсолаи мазкур қатъномаи дахлдор қабул намуд.
Чи тавре, ки қаблан қайд карда шуд, норасоии захираҳои обӣ сабаби эҷоди мушкилиҳо миёни субъектҳои истифодабарандаи он мегардад.
Аз ҷумла, мавҷудияти шаклҳои мухталифи истифодаи об ва ихтилофи истифодаи мавсимии захираҳои об ва манбаъҳои энергетикӣ, инчунин тақсимоти номутавозини онҳо мухолифати манфиатҳоро ба миён меорад, ки ин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври возеҳ мушоҳида мегардад.

пешина
аз 228
навбатӣ