Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба андешаи Президенти Тоҷикистон вақти он расидааст, ки дар истифодаи захираҳои об бояд роҳҳои нави густариши муколамаву музокирот ва механизмҳои ҳамкорӣ дарёфт ва ба нақши калидии дипломатияи об дар ҳалли он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Бо назардошти ин Сарвари Тоҷикистон моҳи марти соли 2009 дар Ҳамоиши V байналмилалии об дар ш. Истамбул пешниҳод намуд, ки соли 2012 Соли байналмилалии дипломатияи об эълон карда шавад. Зимни ин ӯ боварӣ изҳор намуд, ки «Соли байналмилалии дипломатияи об ба таҳкими ҳамкорӣ ва эҷоди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард».
Дар ин қарина, моҳи декабри соли 2010 Маҷмааи Умумии СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013» қатънома қабул намуд.
Натиҷагирӣ аз ибтикорҳо оид ба об барвақт аст. 8-10 июли соли 2010 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи фарогири иҷрои «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015» баргузор гашт. Президенти Тоҷикистон дар баромади худ дар Конфронс оид ба вазъи таъмини об ва мушкилиҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, ҳамзамон як қатор дастовардҳои ҷумҳуриро дар соҳаи мазкур қайд намуд.
Аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади беҳтар намудани таъминоти об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008-2020»-ро қабул намудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин соҳа андешидашуда тӯли панҷ соли охир қариб 1,2 миллион нафар бо оби тоза таъмин карда шуд ва бештар аз 600 ҳазор нафари дигар аз имконияти истифодаи оби тозаи ошомиданӣ баҳравар гардид.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба захираҳои об дар давоми панҷ соли охир беш аз 15 барнома, стратегия ва нақшаи тадбирҳоро қабул намуд. Имрӯз дар доираи онҳо ба маблағи зиёда аз 500 миллион доллари ИМА даҳҳо барнома амалӣ карда мешаванд.
Вале дар баробари ин, мазмуни асосии баромади Сарвари давлат он буд, ки имрӯз доир ба натиҷаҳои мушаххаси амалӣ сохтани ҳадафҳои байналмилалӣ дар соҳа сухан рондан барвақт аст, зеро то кунун масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳалли таъҷилии худро тақозо доранд.
Зимни ин ӯ аз мушкилоти марбут ба оби теъдоди зиёди аҳолии дунё, масоили мавҷудаи обу энергетикии минтақа ва офатҳои экологӣ, аз ҷумла фоҷиаи баҳри Арал сухан ронда, андешаҳои худро оид ба роҳҳои ҳалли онҳо баён намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё