Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сарвари кишвар оид ба мавҷудияти як қатор мушкилоти иқтисодие, ки монеаи асосии ҳалли масъалаҳои об мегарданд, сухан ронда, бо назардошти эҳтиёҷоти кишварҳои ақибмонда ва аз роҳҳои баҳрӣ маҳрум барои нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалии об ҳалли масъалаҳои зеринро пешниҳод намуд:

  • ҳамлу нақли бемамониати молҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои камбизоатӣ, мубориза бо фалокатҳои табиӣ, дастгирии соҳаи тандурустӣ, маориф ва ғ. нақши стратегӣ мебозанд;
  • кам кардани маблағи қарзи кишварҳои камбизоат;
  • бахшидани қарзҳои расмии дуҷониба, инчунин кумаки бештари расмӣ ба мақсади инкишоф ба кишварҳое, ки паст кардани сатҳи камбизоатиро мароми хеш қарор додаанд.
    Тағйироти глобалии иқлим, ки солҳои охир ба назар мерасад ва равандҳое, ки онро ҳамроҳӣ менамоянд, дар масъалаҳои таъмини об ва маводи ғизоӣ барои зиндагии миллионҳо нафар душворӣ пеш меоранд, вале аз онҳо беш аз ҳама табақаҳои камбизоати аҳолӣ зарар мебинанд.
    Дар иртибот ба душворшавии вазъи зиндагии табақаҳои камбизоати аҳолии ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки нимаи дуюми Даҳсола ба иҷрои тадбирҳои мушаххаси байналмилаливу минтақавӣ оид ба таъмини онҳо бо оби нӯшокӣ ва шароити замонавии санитарӣ бахшида шавад.
    Қайд кардан зарур аст, ки бо вуҷуди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани силсилаи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба об, ӯ бар он андеша аст, ки дар ин самт масоили зиёде мавҷуд аст, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Махсусан масъалаҳои истифодаи боадолатонаи об дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақа, кӯли Сарез, ҳифзи пиряхҳо ва ғ. аз зумраи чунин масъалаҳо мебошанд.
    Ҳарчанд пешниҳодҳои Сарвари Тоҷикистон оид ба қабули Конвенсияи байналмилалӣ оид ба об, ташкили ҳамёрӣ дар соҳаи об, Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез, гузаронидани экспертизаи фарогири низоми истифодаи об, инфраструктураи обёрикунанда ва экологияи минтақа аз минбарҳои созмону ҳамоишҳои гуногун ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур шуда бошанд ҳам, ба андешаи ӯ барои ба ҳалли қатъии онҳо ноил шудан талошҳои боз ҳам фаъолтар зарур мебошанд.
    Дар ин қарина 20 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси тайёрӣ ба «Конфронси СММ оид ба рушди устувор» (Душанбе, 19-20 октябри соли 2012) бо роҳбари Котиботи татбиқи механизми «СММ-Масъалаҳои об» Кензу Робинсон мулоқот доир намуда, пешниҳод кард, ки соли 2013 Конфронси ниҳоии сол оид ба дипломатияи об дар ш. Душанбе гузаронида шавад.
пешина
аз 228
навбатӣ