Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Алҳол дар Осиёи Марказӣ дар баробари бӯҳрони баҳри Арал масъалаи хавфи кӯли Сарез низ ба ҳайси яке аз мушкилҳои глобалӣ қарор дорад. Бо такя ба натиҷаҳои тадқиқотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва Барномаи рушди СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба мақсади таъмини аҳолии минтақа бо оби тозаи ошомиданӣ Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез созмон дода шавад. Ин иқдом дар баробари коҳиш додани норасоии оби ошомиданӣ дар минтақа, имкон хоҳад, дод, ки хавфи рахна шудани сарбанди Усой бартараф ва аҳолии минтақа аз таҳдиди харобиовари он раҳо гарданд.
Пиряххои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, қариб шаст фоизи ҳаҷми оби дарёҳои онро таъмин менамоянд. Мутаассифона, тағйири иқлим ба обшавии бовусъати онҳо мусоидат намуда, ба захираҳои бебаҳои об талафоти ҷиддӣ мерасонад. Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пиряхи калону хурд мавҷуд буданд, вале бар асари гармшавии иқлим, фақат тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазортои онҳо аз байн рафтанд.
Бо назардошти оқибатҳои ҷиддии экологии ин зуҳурот масъалаи ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи масъалаҳои марбут ба об ва тағйири иқлим аз минбари созмонҳову ҳамоишҳои мухталиф пайваста ба самъи ҷомеаи байналмилалӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, пешниҳод оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2009 дар Ҳамоиши III умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим дар Женева ва Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйири иқлим дар Копенгаген манзур гашта буд.
Бо пайгирӣ аз ин пешниҳод Президенти Тоҷикистон 19 июни соли 2012 дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20) изҳор намуд, ки дар иртибот ба тағйири иқлим ва вусъати демографии кишварҳои Осиёи Марказӣ пиряхҳо, захираҳои барф, кӯлу дарёҳои кӯҳӣ ва манбаъҳои дигари захираҳои оби минтақа, ки на фақат суботи экологӣ, балки рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои минтақа ба онҳо вобастагӣ доранд, таваҷҷӯҳи хосаро тақозо мекунанд.
Бо назардошти ин ӯ умедворӣ намуд, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои мададгор пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ мекунанд.
Аҳамияти ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба масоили об. Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ воқеан мақоми пешсафиро ишғол менамояд. Муовини Дабири Кулли СММ Ща Зуканг зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи фарогири иҷрои «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015» изҳор намуд, ки «Пешниҳоди гузаронидани конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» боз як мисоли нақши пешбари Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об на танҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ мебошад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё