Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об – «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони ӯҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ баргардонданд. Ташаббусҳои мазкур дар маҷмӯъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.
Бо ибтикори Сарвари давлат Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намудани соли 2013, мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд. Зимни ин ғояи дипломатияи об, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гашт, аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро талаб мекунад, ки тавонанд ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.
Аз ҷониби дигар дар иртибот ба хислати муассири масоили марбут ба об, хусусан дар доираи истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ, метавон бо боварӣ гуфт, ки ибтикорҳои Сарвари Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи оби тоза ва мушкилоти марбут ба он, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири дипломатияи превентивӣ баромад мекунанд. Ин ҳолат ба таҳия ва бастани созишномаҳои оқилонаю одилона ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.
Дар ин қарина Сарвари Тоҷикистон тавонист тавассути мавқеи фаъолонаи худ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрами рӯз ҷалб намуда, барои дастрасӣ ба пешравии назаррас ҷиҳати дарки ҳамаҷонибаи мушкилоти марбут ба об, инчунин зарурати муттаҳид намудани сайъу кӯшишҳо барои рафъи мусолиматомези онҳо мусоидат намояд. Чи тавре, ки ӯ ҳануз соли 1999 дар иҷлосияи Маҷмааи Умумии СММ таъкид карда буд, «ҳамкории амалии умумиҷаҳонӣ дар асри 21 ба ҳалли сиёсии ин проблема имконият фароҳам оварда, кафолат дода метавонад, ки ҷиҳати низомии он ҳеҷ гоҳ мавриди истифода қарор нагирад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё