Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

САҲА – абзори амният ва рушду субот

Бо амри тақдир масоили вобаста ба таъмини сулҳу субот ва амният дар Тоҷикистон барои Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташ аҳамияти хоса ва тақдирсоз пайдо намуданд. Рафъи муноқишаи шаҳрвандӣ, ки ҷумҳуриро ба гирдоби ҷанг ва бӯҳрони сартосарӣ мувоҷеҳ сохта буд, аз Роҳбари тозаинтихоби ҷумҳурӣ тақозо дошт, ки тамоми қувваҳои созгори ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли қазия ва дигар масъалаҳои марбут ба он ҷалб намояд. Дар чунин шароит тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки дар самтҳои зикршуда фаъолият мебурданд, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА/ то декабри соли 1994 Иҷлосияи амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – ИАҲА) тақозои замон буд.
Дар ин росто, бо ибтикори Сарвари давлат аз оғози соли 1993 ҳамкориҳо бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо вусъат ёфта, таваҷҷӯҳи он ҷиддан ба мушкилоти Тоҷикистон ҷалб карда шуд. Дар навбати худ САҲА дар ҳамоишҳояш вазъи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдор, ки 1 декабри соли 1993 дар Рим баргузор шуд, дар бораи кушодани намояндагии хеш дар Душанбе қарор қабул кард. Дере нагузашта, моҳи феврали соли 1994 дар ш. Душанбе Намояндагии САҲА ифтитоҳ гардид, ки фаъолияти худро пеш аз ҳама, барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ равона намуд.
Намояндагии САҲА дар раванди истиқрори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳалли масоили марбут ба гурезаҳо нақши назаррас гузошт. Моҳи октябри соли 2002 ба Намояндагии САҲА мақоми Маркази САҲА дар Душанбе дода шуд. Мутаносибан ваколатҳои Марказ низ васеъ гашта, дар Ғарм, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Шаҳритус бахшҳои минтақавии он ифтитоҳ шуданд.
Дар баробари ин ҳамкориҳо бо САҲА дар доираи ҳамаи ченакҳои он – ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ ба роҳ монда шуданд.
Зимни ин Сарвари Тоҷикистон бар он назар буд, ки ҳамкорӣ дар доираи САҲА метавонад ҷиҳати дар ҷумҳурӣ ташаккул додани ҷомеаи дунявие, ки дар заминаи принсипҳои ҳозиразамони демократӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ асос ёфтаанд, мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз Роҳбари давлат моҳи декабри соли 1994 дар Саммити САҲА дар ш. Будапешт оид ба оғози раванди ислоҳоти сиёсӣ ва демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳурӣ сухан ронда, изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар ин самт «ба таҷрибаи мутараққии ҷаҳон ва

пешина
аз 228
навбатӣ