Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дастовардҳои башарият дар соҳаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон»
такя хоҳад кард. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон «демократия ва муносибатҳои навбунёди иқтисоди бозаргонӣ на танҳо ба ғамхории ҳаррӯзаи мо, балки ба ғамхории беғаразонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барин созмони муътабар эҳтиёҷ дорад». Зимни ин, ба андешаи Сарвари давлат, САҲА бояд бо назардошти анъанаҳо ва хусусиятҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи демократикунонии он муносибати мутавозин дошта, дар баробари назорати ин равандҳо барои ташаккул ва таҳкими ниҳодҳои демократӣ низ дар кишвар кумак расонад.
Дар ин қарина миёни ҷумҳурӣ ва САҲА дар соҳаи мазкур ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва созгор ба роҳ монда шуда, онҳо то кунун идома доранд. САҲА тибқи меъёрҳои умумиаврупоӣ ва ӯҳдадориҳои қабулнамудаи Тоҷикистон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои азнавсозии тартибу муқаррароти қонунгузории интихоботӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо хоҳиши Роҳбари давлат аз солҳои аввали ҳамкорӣ САҲА дар роҳандозии ислоҳоти конститутсионии Тоҷикистон, аз ҷумла, зимни таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон ва ташаккули низоми интихоботи мақомоти намояндагии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт.
Минбаъд низ ҳамкориҳои самаранок дар ин самт идома ёфтанд. Аз ҷумла, зимни омодагирӣ ба интихоботи парлумонӣ моҳи феврали соли 2005 Намояндагии САҲА дар ҳамроҳӣ бо Бюро оид ба сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани Конфронс оид ба интихобот ва таҳияи ду лоиҳаи алтернативии қонун оид ба интихоботи парлумон кумак расонд.
Ҳамзамон теъдоди зиёди нозирони созмон ба раванди назорати интихоботҳои президентӣ ва парлумонии ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд, ки онҳо аз рӯи натиҷаҳо барои Ҳукумати кишвар тавсияҳои дахлдор манзур намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар маҷмӯъ фаъолияти намояндагии САҲА дар мавриди расонидани кумакҳои машваратӣ ва мусоидати он дар татбиқи ислоҳотҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба таври мусбат арзёбӣ карда мешавад.
Дар иртибот ба ҳамкориҳо дар доираи ченаки иқтисодию экологии САҲА Президенти Тоҷикистон дар тамоми ҳамоишҳои созмон таъкид мекард, ки мушкилиҳои иқтисодии кишварҳои нави иштирокдори созмон ба масоили амнияти муштарак таъсири назаррас мерасонанд.
Ба вуҷуд омадани бӯҳрони иқтисодӣ, ки ин кишварҳоро дар давраи гузариш фаро гирифта буд, имрӯз низ дар шакли ҷараёни танзимнашавандаи муҳоҷират, коҳиши сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар зуҳуроти ногувор, силсилаи мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодиро дар қисмати зиёди минтақаи САҲА эҷод месозанд.

пешина
аз 228
навбатӣ