Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ин лиҳоз, ӯ пайваста пешниҳод менамуд, ки нақши ченаки иқтисодии САҲА ва ба роҳ мондани ҳамкории он бо Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ дар соҳаи ҷалб намудани сармоя ба ин кишварҳо, мусоидат ба онҳо дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, хусусигардонӣ, рушди соҳибкорӣ, ташаккули заминаи ҳуқуқии татбиқи ислоҳотҳои иқтисодӣ фаъол гардонда шавад.
Дар ин қарина, қайд кардан зарур аст, ки дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, татбиқи самти нави стратегии сиёсати Президенти Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди бемайлони иқтисодии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ оғоз ёфт. Бо назардошти ин қисми зиёди вазифаҳое, ки то ин вақт дар назди Маркази САҲА дар Душанбе гузошта шуда буданд, аҳамият ва афзалияти қаблии худро гум карда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуданд. Чунин ҳолат ба роҳ мондани шаклҳои нави ҳамкориро тақозо менамуд.
Дар иртибот ба ин дар оғози соли 2007 бо ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории босамар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА пешниҳод гашт, ки ваколати Маркази он дар Душанбе тағйир дода шавад.
Бояд тазаккур дод, ки тағйири ваколати Марказ дар маҷмӯъ ба ҳадафҳои ниҳоии САҲА ва қарорҳои санадҳои заминавии Созмон, ки ба таъмини муборизаи самаранок бо таҳдиду ситезаҳои замони муосир нигаронида шуда буданд, мувофиқат менамуд. Ҳамзамон ин иқдом барои тақвият ва таъмини рушди комплексии Тоҷикистон равона гардида буд. Зимни ин бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ эҳтиёҷи шадиди он ба инкишофи коммуникатсияҳо, инфраструктураи нақлиётӣ ва энергетикӣ, ҳалли масъалаҳои таҳкими сарҳад, истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва муҳити зист ба назар гирифта шуда буд.
Гуфтушунидҳо бо САҲА оид ба масъалаи мазкур таҳти роҳнамоии Президенти кишвар бомуваффақият сурат гирифта, соли 2008 Маркази САҲА ба Бюрои САҲА табдил дода шуд. Имрӯз Бюрои САҲА фаъолияти худро дар самти расонидани кумакҳои машваратӣ ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ, рушди равандҳои муштараки сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ, мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, фурӯши одамон ва дигар масоил муваффақона идома дода истодааст.
Роҳбари давлат ба мақсади ҷалб намудани имконоти САҲА дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақа кӯшишҳои пайваста ба харҷ додааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳануз соли 1994 дар Саммити Будапешт масъалаи вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба маърази баррасии кишварҳои иштирокдори САҲА бароварда, изҳор карда буд, ки он на танҳо сарҳади Тоҷикистон ва марзи умумии ИДМ, балки дарвозаи ҷанубии минтақаи САҲА ба шумор меравад.

пешина
аз 228
навбатӣ