Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар ин қарина ӯ таъкид намуда буд, ки қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ки манбаи асосии маблағгузории терроризми байналхалқӣ мебошанд ва аз ҷумла, тавассути ҳамин сарҳад сурат мегиранд, ба амнияти кишварҳои Аврупо низ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, ӯ аз Созмон даъват намуда буд, ки ҷиҳати пешгирии таҳдиду ситезаҳо дар ин самт имкониятҳои кишварҳои аъзоро сафарбар карда, ҷиҳати пешгирии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум ҳамкориҳои босамари САҲА ва Тоҷикистон оид ба таҳким ва идораи сарҳадот вусъат ёфта, соли 2006 пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт ба Созмон манзур гаштанд. Тасмими мазкур аз ҷониби САҲА ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, соли 2007 ба ҷумҳурӣ лоиҳаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, дар доираи ин лоиҳаҳо соли 2008 Коллеҷи марзбонии САҲА дар Душанбе ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаи назорати сарҳадӣ ифтитоҳ гардид.
Илова бар ин 21-22 октябри соли 2008 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба идораи сарҳадҳо ва назорати маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баргузор карда шуд, ки он ба тавсеа ва таҳкими муқовимат бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ва дарёфти имкониятҳои иловагӣ барои таъмини суботу амният дар минтақа нигаронида шуда буд. Қобили қайд аст, ки Конфронс бо дастгирии Комиссияи Аврупо ва ҳамраисони Иттиҳоди Аврупо
– Фаронса, Олмон ва Финландия сурат гирифта, дар баробари Тоҷикистон ва САҲА, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ низ ба ҳайси созмондиҳандаи он баромад намуд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо САҲА масъалаи вазъи Афғонистон низ пайваста дар мадди назари Сарвари Тоҷикистон қарор дошт. Соли 1996 дар Саммити Лиссабон ӯ ба хислати бардавом ва вусъати муноқишаҳои низомию сиёсии Афғонистон ишора карда, изҳор намуд, ки муқовимати мусаллаҳона метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш ёбад ва дар маҷмӯъ барои амнияти тамоми минтақа оқибатҳои ногувор ба бор орад. Бо назардошти ин аз кишварҳои иштирокдори созмон даъват карда шуд, ки талошҳои худро ҷиҳати дастрасӣ ба ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар ин кишвари мусибатзада ҳамаҷониба фаъол гардонанд.
Яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо САҲА татбиқи ташаббуси Сарвари давлат дар мавриди ба Афғонистон додани мақоми ҳамшарик дар ин созмон ба шумор мерафт. Зимни ин ба андешаи ӯ иштироки бевосита ва мақоми расмии Афғонистон имкон хоҳанд дод, ки дар нишастҳои корӣ ва ҳамоишҳои гуногуни САҲА мавқеи расмии Ҳукумати Афғонистон иброз карда шавад, ки ин ба манфиати кор хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё