Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо назардошти ин нукта Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2003 дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба Афғонистон додани мақоми ҳамшарик оид ба ҳамкорӣ бо САҲА қарор қабул намуд.
Президенти Тоҷикистон бо назардошти нақши муассири ҷумҳурӣ дар фаъолияти САҲА мунтазам ба масъалаҳои барномавӣ ва сохтории созмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Эмомалӣ Раҳмон ба доираи фаъолият, вазифаву ҳадафҳои САҲА аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳо дода, дар ин қарина бар он андеша аст, ки Созмон ба ислоҳоти муайян ниёз дорад. Ин ҷо чанд нуктаеро зикр кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби Сарвари ҷумҳурӣ дар ҳамоишҳои сатҳи олии САҲА мавриди ибрози назар қарор гирифта буданд.
Ҷанбаи сиёсии фаъолияти САҲА бояд ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва тақдирсози минтақаи масъулияти он, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бамаротиб васеъ гашт, мутобиқ карда шавад. Дар ин қарина САҲА дар оянда бояд ба як созмони беҳамтои минтақавие табдил ёбад, ки ҷиҳати ҳалли маҷмӯи васеи масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкорӣ ба имкониятҳои зиёд барои фаъолияти самаранок соҳиб бошад. Бо назардошти ин рушди минбаъдаи САҲА бояд ба таҳким ва тақвияти роҳҳои пешгирии муноқишаҳо равона карда шавад. Вазифаи мазкурро метавон бо василаҳои дипломатияи пешгирикунанда, зимни омӯзиши сабабҳои аслии бӯҳронҳо бо дарназардошти тамоми омилҳое, ки ба пайдоиш ва рушди он таъсир мерасонанд, ҳал намуд.
Авлавияти дигар дар ин самт таҳияи василаҳои таъмини назорат дар соҳаи ҳарбӣ ва консепсияҳои нав ҷиҳати таҳкими тадбирҳои боварӣ мебошад. Дар ин самт пайдо намудани воситаҳои босамари татбиқи санадҳои қабулнамудаи САҲА дар соҳаи амният ва қабул намудани қарорҳо ҷиҳати ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими сулҳу субот зарур мебошад.
Ҷиҳати ҳалли одилонаи масъалаҳои мавҷуда байни мавқеъҳои глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ тавозуни мувофиқ гузоштан зарур аст, зеро аз чигунагии сохтори нави амнияти аврупоӣ рушди минбаъдаи вазъият дар фазои САҲА вобастагӣ дорад.
Бидуни созмон додани омилҳои лозимӣ барои таъмини суботи рушди иқтисодӣ, пайдо намудани роҳҳои самараноки ҳалли масоили мураккаби иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ниёзманд ба таҳкими воқеии амният ва субот дар фазои САҲА умед бастан ғайриимкон аст. Чи тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, иқтисоди пешрафтаи бозорӣ гарави рушди босуботи аксари кишварҳои ҷаҳон мебошад.

пешина
аз 228
навбатӣ