Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо назардошти мавҷудияти таҳдидҳои воқеии терроризми байналхалқӣ, экстремизми динӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба доираи вазифаҳои САҲА ворид намудани масъалаи мубориза бо онҳо, инчунин ҳалли масоили гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ дар минтақаҳои муноқишабори САҲА мувофиқи мақсад мебошад.
Таҳкими назарраси САҲА ва асосҳои ҳуқуқии он, пеш аз ҳама, дар соҳаи пешгирӣ ва танзими муноқишаҳо, роҳандозии амалиёти сулҳофарона, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳо ва василаҳои САҲА бо Шӯрои амният ва дигар мақомоти СММ доираи масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки зимни таҳияи тамсилаи амнияти Аврупои асри XXI бояд ба назар гирифта шаванд.
Тоҷикистон манфиатдор аст, ки САҲА ба созмони воқеан қавӣ ва босамаре табдил ёбад, ки тавонад ба рушди ҳамкории иқтисодию экологии кишварҳои иштирокдораш саҳми муносиб гузошта, татбиқи принсипи амнияти баробарро барои ҳамаи онҳо таъмин намояд. Ба САҲА додани мақоми субъекти ҳуқуқ ва дорои ҳуқуқи байналмилалӣ метавонад ба раванди табодули он аз василаи машваратӣ ба созмони комил ва муосири байналмилалӣ суръат бахшад.
Бояд тазаккур дод, ки рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо САҲА дар давраи аввали ҳамкорӣ ба мушкилиҳои мушаххас мувоҷеҳ буд.
Чунин ҳолат аз намояндагони Тоҷикистон тақозо менамуд, ки зимни ҷаласаву ҳамоишҳои Созмон дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла Сарони давлатҳо ва роҳбарони мақоми сиёсати хориҷӣ ҷиҳати фаҳмонидани вазъияти мавҷудаи ҷумҳурӣ сайъу кӯшиши беандоза ба харҷ диҳанд.
Дар ин қарина бо дастури Президенти кишвар ба мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамёрона бо САҲА раванди серзаҳмати тамосҳои корӣ бо Котиботи он, ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор, дафтари Раиси амалкунанда ва ба роҳ мондани муколама бо тамоми ниҳодҳои Созмон ба роҳ монда шуд. Роҳбарияти Тоҷикистон ва намояндагони парлумони ҷумҳурӣ зимни ҳамоишҳои сатҳи олии САҲА дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат варзида, доир ба талошҳои Ҳукумати кишвар дар истиқрори ризоияти миллӣ ва бунёди асосҳои ҷомеаи демократӣ ҳисобот пешниҳод менамуданд.
Чунин фаъолияти пайгирона дар маҷмӯъ ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаву созандаи ҷумҳурӣ бо кишварҳои иштирокдори САҲА ва муассисаву ниҳодҳои мухталифи он фазои ҳусни тафоҳум ба вуҷуд оварда, ба куллан тағйир ёфтани муносибатҳо бо Созмон мусоидат намуданд. Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки бо шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат САҲА ба яке шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

пешина
аз 228
навбатӣ