Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бешубҳа, самте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои судманд бо САҲА муайян намудааст, барои имрӯз ва ояндаи кишвар, алалхусус амнияти он дар сатҳи минтақавӣ тақозои замон буда, аҳамияти бузург дорад.
Зеро ҳамкорӣ бо ин созмон на танҳо ба самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар, балки ба ҳадафи зарурии ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии он табдил ёфтааст.
Дар навбати худ роҳбарияти Тоҷикистон низ ба саҳми бузурги САҲА дар ҷодаи кумакҳои созандааш дар давраи ниҳоят душвори эҳёи давлатдории кишвар, инчунин мусоидат ба рушди ниҳодҳои демократӣ ва ташаккулёбии заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ баҳои баланд медиҳад. Бо назардошти чунин нақши муассири фаъолияти САҲА дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмон дар доираи ченакҳои он идома меёбанд.
Тоҷикистон манфиатдор аст, ки имкониятҳои Созмон ба ҳайси василаи вокуниш ба таҳдиду ситезаҳои мавҷуда дар минтақаи масъулияти он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, самаранок истифода гарданд. Ин дар навбати аввал мубориза бар зидди экстремизми динӣ, терроризми байналмилалӣ ва гардиши маводи мухаддир мебошад.
Идомаи кумакҳо ҷиҳати таҳкими сарҳадҳо, поксозӣ аз минаҳо ва ҳалли масъалаҳои марбут ба яроқи сабуки оташфишон, мусоидат барои пешгирии фурӯши одамон ва муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин расонидани кумакҳои унвонӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣиқтисодӣ номгӯи масъалаҳои мубрамеанд, ки бояд дар ҳошияи мубориза бар зидди таҳдидҳои зикршуда дар давраи наздиктарин амалӣ гардонда шаванд.
Қобили тазаккур аст, ки манфиатҳои Тоҷикистон бо нақшаҳои миёна- ва дарозмӯҳлати САҲА оид ба масъалаҳои мазкур дар минтақа ҳамоҳанг ҳастанд. Дар ин қарина талошҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон, ки ба таҳкими амният ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузоштаанд, шоёни эътирофанд.
Ҳамзамон Сарвари Тоҷикистон таъкид месозад, ки имрӯз зарурати тавсеаи куллии доираи ҳамкориҳои муштарак ба миён омадааст ва вақти он расидааст, ки чунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои инфраструктураи нақлиётӣ, коммуникатсия, гидроэнергетика ва истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақа бамаротиб вусъат дода шаванд. Тағйироти солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар сиёсати минтақавии САҲА масъалаҳои мазкур торафт аҳамияти бештар касб карда истодаанд. Ин нукта далели он аст, ки бо шарофати сиёсати муназзам ва созандаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин созмони бонуфузи байналмилалии минтақавӣ ба мавқеи Тоҷикистон назари мусбат дошта, ба самти сиёсати дохиливу хориҷии он бо нигоҳи эҳтиром менигарад.

пешина
аз 228
навбатӣ