Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ДАР МАСИРИ ХУДШИНОСӢ
ВА ЭҲЁИ МАҚОМИ ТАЪРИХӢ
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ҷалолиддини Балхӣ
Робитаҳо бо ҳамватанони хориҷӣ
Дар давраи истиқлолият робита бо доираҳои васеи шаҳрвандони хориҷӣ ривоҷ ёфт, ки риштаҳои мухталиф онҳоро бо Тоҷикистону халқи он мепайвандад: а) шахсоне, ки бо ҳукми тақдир дар солҳои гуногун ба хориҷа рафта, шаҳрванди кишварҳои дигар шудаанд, вале аз Тоҷикистон дил кандан намехоҳанд; б) тоҷикони зодаи кишварҳои гуногун, аз қабили Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон робитаи доимӣ дошта бошанд; в) доираи васеи пажӯҳишгарону эҷодкорон, тоҷирону сайёҳон ва дигар дилбохтагони Тоҷикистон, ки бо ин сарзамин алоқамандиҳо доранд.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 1993 нисбати ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Яке аз масъалаҳое, ки бар асари муташанниҷ шудани вазъияти Тоҷикистон аз феврали соли 1990 ба миён омад, ҷумҳуриро тарк кардани теъдоди зиёди намояндагони миллатҳои гуногун буд. Моҳи июли соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба ҳамаи тоҷикистониёне, ки қаламрави ҷумҳуриро ночор тарк кардаанд, хоҳиш намуд, ки онҳо ба ватан бозгарданд. Дар муроҷиатнома омадааст: «Дар чунин лаҳзаҳои мураккаб ба ҳамаи тоҷикистониён – русҳо, ӯзбекҳо, белорусҳо, украинҳо, яҳудиён, тоторҳо ва ҳамаи онҳое, ки бар хилофи иродаи худ бар асари воқеаҳои фоҷианок қаламрави ҷумҳуриро тарк намудаанд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки ба Тоҷикистони азиз баргарданд.
Донишу маҳорат, таҷриба ва дилбастагии шумо ба халқи меҳмондӯсту қадрдони тоҷик зарур аст. Шуморо дӯстону ҳамкоронатон интизоранд, шуморо Тоҷикистони азиз интизор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё