Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Зеро онҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд, барои он дӯстони наздиктарин буданд ва хоҳанд буд».
Дар муроҷиатномаи дигари худ ба ҳамватанони хориҷи хоки Тоҷикистон аз 16 январи соли 1994 Сарвари давлат изҳор дошт, ки роҳбарияти Тоҷикистон омода аст ба бозгашташон мусоидат кунад. «Мо боварӣ дорем, ки шумо, ҳамватанони хориҷи хоки Тоҷикистон, дар офаридани ояндаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок хоҳед кард», – омадааст дар муроҷиатнома,
– «мо изҳори омодагӣ менамоем, ки ниёзҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии шуморо бародарвор баррасӣ кунем ва ҳалле биёбем, ки боиси қаноати умум бошад». Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «мо ҳар азизеро, ки ёди Ватан мекунад, «хуш омадӣ!» мегӯем ва барои ӯ ҳама шароитеро, ки бародарону хоҳарони ӯ аз он дар ҷумҳурӣ бархӯрдоранд, муҳайё месозем».
Вале бо сабаби ҳодисаҳои маълуми ҷумҳурӣ аксари ин табақаҳо, ки аллакай амволи худро дар ҷумҳурӣ фурӯхта, ба якборагӣ ба дигар кишварҳо кӯч баста буданд, дигар барнагаштанд. Азбаски теъдоди бузурги онҳо Россияро қишвари иқомати худ қарор дода буданд, роҳбарияти ду кишвар ба қароре омаданд, ки ба хотири нигоҳ доштани алоқаҳо реҷаи душаҳрвандиро ҷорӣ намоянд. Ба ин хотир моҳи сентябри соли 1995 Аҳдномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ ба имзо расид, ки соли 1997 баъди ба тасвиб расидан ҳукми амалро пайдо кард. Ин Аҳднома пешбинӣ мекунад, ки «ҳар яке аз Тарафҳо ҳуқуқи шаҳрванди худро барои ба даст овардани шаҳрвандии тарафи дигар бе гум кардани шаҳрвандии он эътироф мекунанд».
Бояд зикр намуд, ки масъалаи ҳамкорӣ кардан бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Конститутсияи нави ҷумҳурӣ, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, чунин инъикос ёфт:
«Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад». Сипас дар санадҳои дигари қонунгузорӣ ин масъала низ ба инобат гирифта шуд.
Масъалаи дигар даъват кардани Анҷумани умумиҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ буд, ки бори аввал моҳи сентябри соли 1992 дар давраи барои ҷумҳурӣ бисёр мураккаб дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш асноди барномавии созмон, аз ҷумла Оинномаи он қабул гардида, ҳадафҳо ва вазифаҳои асосӣ, инчунин сохтори ташкилотии Анҷуман мушаххас шуданд. Ситоди Шӯрои Анҷуман дар шаҳри Душанбе ҷойгир шуд.
Он вақт устод Муҳаммад Осимӣ, ки соли 1989 Ҷамъияти «Пайванд»- ро таъсис дода буд, дар роҳандозии фаъолияти Анҷуман корҳои арзандаро пеш мебурд.

пешина
аз 228
навбатӣ