Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Роҳбари давлат фаъолияти ин ҷамъият ва Анҷуманро маъқул ёфта, аз пайи беҳбудӣ бахшидани он шуд. Баъдтар Роҳбари давлат аз устод Муҳаммад Осимӣ ба некӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ӯ «ба ҳайси бунёдгузори ин Анҷуман ва пайвандгари робитаҳои бародарона бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди илму фарҳанги Ватани мо хизматҳои шоиста кардааст».
Дар нимаи аввали соли 1993 бо супориши Роҳбари давлат корҳои омодагӣ шурӯъ шуданд ва дар аввали сентябри ҳамон сол дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани II умумиҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷамъ омад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳамоиши муштарак – ифтитоҳи таҷлили Истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани мазкур, ки ба 8 сентябри соли 1993 рост омад, иброз дошт, ки «созмон ёфтани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон бо таъмини истиқлолияти кишвари тоҷикон сахт алоқаманд мебошад» ва таъсисёбии Анҷуманро «яке аз муҳимтарин самараҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номид.
Анҷумани тоҷикони ҷаҳонро ҳамчун як созмони байналмилалӣ баҳо дода, Роҳбари давлат ҳадафҳои асосии онро «барқарор намудани муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои фарҳангии тамоми мардумони тоҷикзабон» арзёбӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки дар зарфи як соли мавҷудияти худ Анҷуман ба нерӯи эҳсосшаванда табдил ёфт. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «агар ҷумҳурии мо дар боби мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ бо халқҳои бародар, ривоҷ додани алоқаҳои маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкили маъракаҳои фарҳангии байналмилалӣ ба муваффақияти назаррас ноил шуда бошад, дар он бештар саҳми Анҷуман мавҷуд аст».
Ҳамин тариқ, ҳадафҳои аслии Анҷуман, ки доираи васеи шахсони шинохтаву бонуфузро аз кишварҳои гуногуни олам ҷамъ оварда буд, мушаххас шуданд. Бо истифода аз чунин ҳамоиши бошукӯҳ ва имкониятҳои иштирокдорони он Роҳбари давлат баъзе умедвориҳоро зикр кард, ки ҳамчунин дар он шабу рӯз вазифаҳои анҷуман маънидод кардан мумкин аст:
а) Мусоидат намудан дар бозгашти гурезаҳо ба ватан ва кумак расондан дар таъмини муросои миллӣ; б) Ба вуҷуд овардани ҳусни таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон , мардуми он, сиёсати дохилӣ ва хориҷии вай; в) Муҳайё кардани заминаи мусоиди сиёсию маънавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон.
Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Анҷумани умумиҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ интихоб гардид.

пешина
аз 228
навбатӣ