Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар Анҷумани сеюм, ки моҳи сентябри соли 1996 дар Душанбе доир гардид, дар миёни бештар аз 700 нафар меҳмонони он сиёсатмадорони барҷаста, шахсиятҳои ҷамъиятӣ, олимону тоҷирон, инчунин садҳо ашхоси оддӣ низ буданд, ки ба Ватани аҷдодии худ ба хотири ошноӣ бо ҳаёти он, ҷустуҷӯ ва барқарории равобити инсонӣ бо хешовандони сокини Тоҷикистон омада буданд.
Дар Анҷуман Роҳбари давлат дар назди иштирокдорони он баромад карда, ба фаъолияти ин созмони ҷамъиятӣ баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки фаъолияти ҷории Анҷуман аз тарафи ҷамъияти «Пайванд» бо ҳамоҳангии марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамзабонон – шӯъбаҳои Анҷуман дар саросари ҷаҳон анҷом мегирад. Ӯ зикр намуд, ки дар давраи байни анҷуманҳои дуюм ва сеюми тоҷикон (аз соли 1993 то 1996) дар радифи вазифаҳои оинномавӣ таваҷҷӯҳи умда ба таҳкими робита бо шӯъбаҳои ин Анҷуман дар он кишварҳое, ки тоҷикон ва ҳамватанони хориҷии мо зиндагӣ мекунанд, ҷалб гардид, фаъолияти 1 маркази фарҳангӣ дар кишварҳои дури хориҷӣ ва 6 марказ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба роҳ монда шуд.
Роҳбари давлат иброз дошт, ки дар ин давра ҷуз аз мукотиба робитаҳои мустақим бо фаъолони Анҷуман – ашхоси муътабар ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба роҳ андохта шуд. Шӯрои Анҷуман ба маҳали сукунати ҳамватанон дар кишварҳое чун Афғонистон, Эрон, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Туркия, Миср, Хитой ва Амороти Муттаҳидаи Араб 13 ҳайати фаъолони худро фиристод. Ҳамзамон тақрибан 25 ҳайати мухталифи ҳамватанон ва намояндагони илму фарҳанги халқҳои форсизабон аз
17 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бо тағйир ёфтани вазъият, хусусан ташаннуҷ касб кардани он дар Тоҷикистон, кӯчиши теъдоди ҳамватанон ба кишварҳои ИДМ, бахусус Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон хеле афзуд, иддае ба Исроил ва ИМА рафт. Ин ҳолат Анҷуманро водор сохт, ки бо марказҳои фарҳангии тоҷикон дар ин кишварҳо робитаҳои устувор ба роҳ монда, корро дар давлатҳои ИДМ бештар тақвият бахшад ва дар таъмини бозгашти ҳамватанон ба маҳали зисти худ фаъолона саҳм бигирад.
Дар он вақт самти дигари кори Шӯрои Анҷуман иштироки фаъолона дар маъракаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба кори муҳоҷирон доир ба бозгашти тоҷиконе буд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои соли 1992 ба Афғонистон паноҳ бурда буданд. Ба гурӯҳи корӣ оид ба муҳоҷирон дар Афғонистон, ки моҳи январи соли 1993 бо ташаббуси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ташкил шуд, 2 корманди Анҷумани «Пайванд» шомил гардида, дар тули солҳои 1993-1996 дар бозгашти зиёда аз 30 ҳазор ҳамватани мо ширкат варзиданд.

пешина
аз 228
навбатӣ