Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гузашта аз ин, бо дастури Шӯрои созмон дар бозгашти гурезагон аз Афғонистон ҳамчунин шӯъбаҳои Анҷумани байналмилалӣ дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Пули Хумрӣ, маркази фарҳангии тоҷикон дар вилояти Балх фаъолона саҳм гирифтанд.
Бо ёрии ситоди Анҷуман теъдоди зиёди ҳамватани хориҷӣ робитаҳои хешовандиро бо пайвандону наздикони худ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, барқарор намуданд.
Масъалаи дигаре, ки мантиқан бо оғози фаъолияти Анҷуман ба миён омад – баррасии вазъи ҳамватанони бурунмарзӣ, нақш, аҳамият ва таъсири он ба ҷараёнҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварҳои зисти намояндагони он, масъалаи ҷалби онҳо ба тадбирҳои иқтисодӣ, илмиву фаннӣ ва умуман барномаҳои тараққиёти Тоҷикистон буд.
Дар ин қарина яке аз мавзӯъҳои ҳалталаб муайян намудани шумораи тоҷикону ҳамзабонони ҷаҳон ва ҷуғрофиёи густариши онҳо буд.
Бо дарназардошти моҳияти масъалаи мазкур Анҷуман тавонист, ки ба ин кор доираи васеи олимони иқтисодшинос, филологҳо, муаррихон ва эроншиносонро аз кишварҳои мухталифи олам ҷалб намояд. Сари ин мавзӯъҳо ғайр аз донишмандони Тоҷикистон ҳамчунин Маркази фарҳангии тоҷикон дар ИМА ва Британияи Кабир фаъолона кор карданд. Ҷамъияти «Пайванд» ва дигар созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар солҳои 1994-1995 бахшида ба мавзӯи зикршуда ду симпозиуми илмии байналмилалӣ баргузор намуданд, бо ёрии Анҷуман чандин нафар донишмандони шинохтаи ҷумҳурӣ ба марказҳои хориҷии омӯзиши муҳоҷирони тоҷик вобаста шудаанд.
Дар баробари ин Шӯрои Анҷуман дар чанд самти дигар корро ба роҳ монд, ки барои таҳкими робитаҳои ҷумҳурӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва беҳдошти имиҷи ҷумҳурӣ дар хориҷа аҳамияти хоса доштанд:

  • мусоидат ба дархостҳои фарҳангӣ-омӯзишӣ ва миллии тоҷикону ҳамватаноне, ки берун аз марзи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
  • ҷараён додани мукотиба ва тамосҳои доимӣ ба мақомоти мухталифи кишварҳое, ки дорои ҷомеаи яклухти тоҷикон мебошанд;
  • таъмин кардани шогирдони мактабҳои тоҷикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълим ва адабиёти зарурӣ;
  • баррасӣ кардани маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳамватанон дар кишварҳои хориҷӣ бо ҳайатҳои расмии ин давлатҳо;
  • ҷараён додани фаъолияти иттилоотию тарғиботӣ дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ва маҳалли зисти тоҷикон ва ҳамзабонон дар мамолики дигари ҷаҳон; - бо такя ба зарфиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ҷалб кардани онҳо ба ҳамкории фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ.
пешина
аз 228
навбатӣ