Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, фаъолияти Анҷуман ба таври доимӣ ба роҳ монда шуд ва ҷамъомадҳои минбаъдаи он низ чун анъана дар арафаи ҷашни Истиқлоляти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардиданд. Дар ҷамъомадҳои баъдии Анҷуман дар солҳои 1999, 2001, 2002 ва 2006 масъалаҳои ҷории фаъолияти он баррасӣ шуда, вазифаҳои навбатӣ мушаххас гардиданд. Бояд зикр кард, ки аъзои Раёсати Анҷуман, ки шаҳрвандони кишварҳои мухталифи олам мебошанд, бо Ҷамъияти «Пайванд» робитаи доимӣ дошта, вазифаҳои худро пеш мебаранд.
Ба дунболи ин тадриҷан дар кишварҳои гуногуни олам пайи ҳам ҷамъиятҳои гуногуни тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба фаъолият пардохтанд, ки мустақилона масъалаҳои зиёди фарҳангӣ, омӯзишӣ, варзишӣ ва ғайраро иҷро намуда, ҳамчунин дар ривоҷ додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ва сармоягузорӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ ҳиссаи онҳо сол то сол меафзояд.
Роҳбари давлат тасмим гирифт, ки доир намудани мулоқотҳоро бо ҳамватанони бурунмарзӣ аз доираи ҷумҳурӣ берун барорад. Ба ин хотир ҳангоми сафарҳои корӣ ё расмӣ ба кишварҳои хориҷӣ мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳукми анъана даромад. Тайи чанд соли охир мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанон дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург (Россия), Алматӣ (Қазоқистон), Пекин (Хитой), Анқара (Туркия), Қоҳира (Миср), Санъо (Яман), Брюссел (Белгия), Ню- Йорк (ИМА) баргузор шуданд.
Шоистаи зикр аст, ки ҳамватанони бурунмарзӣ ва доираҳои бо Тоҷикистон алоқаманд ҳамчунин зарфияти бузурге барои муаррифӣ кардани ҷумҳурӣ дар хориҷа доранд. Соли 2003 дар миёни чанд нафар довталабон барои гирифтани мукофоти давлатии Россия дар соҳаи адабиёт ду нафар зодагони Тоҷикистон – Владимир Войнович ва Андрей Волос буданд ва ҳарду ҳам нисбат ба дигарон арзандатар маҳсуб шуданд. Дар натиҷа Андрей Волос барои романи «Хуррамабад» («Хуррамобод»), ки ба сукунати русҳо дар Тоҷикистони тайи солҳои гуногун бахшида шудааст, соҳиби ҷоиза шуд. Раққосаи мумтоз, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова дар ИМА мактаби рақс кушод, ки дар он ҳунари худро ба ҷавонону наврасон медиҳад. Дар Исроилу ИМА беҳтарин муаррификунандагони санъату ҳунари тоҷикӣ ҳамватанони яҳудӣ мебошанд. Кайҳоннаварди тоҷиктабор, Қаҳрамони Россия С.Шарипов парчами Тоҷикистонро ба кайҳон бурд. Нависандаи машҳур Темур Зулфиқоров, коргардонҳои кино Бахтиёр Худойназаров ва Ҷамшед Юнусов, рассом Абдуқодир Раҳимов, ҳунарманд Амрӣ Аминов дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷодаи худ мақоми хосаро соҳиб гардидаанд ва ба таблиғгарони воқеии анъанаҳои санъату ҳунари тоҷикӣ табдил ёфтанд.

пешина
аз 228
навбатӣ