Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Доираи васеи дӯстони хориҷӣ ҳамчунин дар шинохти тоҷикон ва сарзамини Тоҷикистон хизмати босазоеро ба ҷо меоранд. Олимони шарқшинос, аз қабили Иржи Бечка, Манфред Лорентс ва дигарон дар омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикон корҳои зиёдеро ба анҷом расондаанд.
Сайёҳ Иоанн Горненский бошад дар яке аз китобҳои худ «Достонҳои Помиру Ҳиндукӯш» чунин навиштааст: «Ҷойҳое мавҷуданд, ки чун дар бачагии беғамона ақлу рӯҳи шумо ҳангоми ноумедию номуродӣ, маъюсию ғамнокӣ ба он ҷое кӯшиши рафтан мекунад, ки агар ҳамин гуна ҷойро дар рӯи замин пайдо карда бошед ва он ҷо ҳамеша хушбахт хоҳед буд. Зулмоти воқеият бартараф мешавад ва шумо ҳаловати биҳишти гумгаштаро аз нав комёб мешавед. Барои ман чунин фазо кӯҳҳои Помир шуданд. Басанда аст, ки ин қуллаҳоро тасаввур намоям, дарҳол осоиши рӯҳӣ пайдо мекунам ва беҳтарин лаҳзаҳои умри худ – вақти саёҳати Помирро ба худ бармегардонам...» Оё метавон кишвареро аз ин беҳтар муаррифӣ кард?
Ҳамин тариқ, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути ба роҳ мондани робитаҳои доимӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ташвиқи онҳо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои рушди кишвар, паҳн кардани фарҳанги миллӣ, беҳдошти имиҷи давлат дар хориҷа имкониятҳои иловагӣ фароҳам овард. Чунин иқдом аз ҷониби ҳамватанон беҷавоб намонд ва онҳо низ Сарвари Тоҷикистонро чун пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон эътироф мекунанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рушди сарзамини маҳбуби худ, хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Дипломатияи фарҳангӣ ва рӯнамоии Тоҷикистон

Барои давлати тозаистиқлол – Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардидан дар арсаи байналмилалӣ масъалаи муҳим буд. Вале, мутаассифона, ҳамзамон бо комёб шудан ба истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ омад, ки ҳамаи он, бахусус ҷанги шаҳрвандӣ, вазъи гурезаҳо ва дигар проблемаҳои аввали солҳои 90-уми асри ХХ тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос гардида, дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти ногувореро ба вуҷуд оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сазовор муаррифӣ намудани халқу давлати худ таваҷҷӯҳи ниҳоят ҷиддӣ зоҳир мекунад. Ин бесабаб нест, зеро қабл аз он ки давлат бо ҷаҳони беруна муносибату ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ монад, бояд ба таври шоиставу боиста муаррифӣ шавад.

пешина
аз 228
навбатӣ