Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Масъалаи беҳдошти имиҷи ҷумҳурӣ дар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ, аз қабили Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Дар ин росто чорабиниҳои баргузоршуда ва тадбирҳои андешидашуда гувоҳи онанд, ки ба шарофати кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат як низоми муайяни муаррифӣ кардани ҷумҳурӣ дар арсаи олам шакл гирифта, тадриҷан рушду такомул меёбад.
Таҳти васояти Роҳбари давлат масъалаи шинос кардани ҷаҳониён бо давлати Тоҷикистон, халқи тоҷик, гузаштаву имрӯзи он, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи истиқлолият, сарзамини кишвар бо табиати афсонавӣ ва захираҳои фаровонаш бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф сурат гирифт, ки зикр намудани баъзеи онҳо зарур аст.

  • баргузор намудани чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо иштироки доираи васеи иштирокчиён;
  • баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷӣ;
  • ҷалб намудани имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои ҳамкориҳои имиҷсоз;
  • сафарбар намудани имкониятҳои Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалб намудани ҷамъиятҳои миллию фарҳангии тоҷикистониёни хориҷи кишвар;
  • истифодаи самаранок аз воситаҳои ахбори омма, интернет ва дигар воситаҳои паҳн кардани иттилоот, чопи китобу маҷаллаҳо, дискҳо ва ғ.
    Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргузор намудани чорабиниҳои муҳимро бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои шахсиятҳои шинохта дар дохил ва хориҷи кишвар бо иштироки доираи васеи иштирокчиён ба яке аз имкониятҳои самарабахши муаррифӣ кардани халқи тоҷик ва Тоҷикистон табдил дод. Роҳбари давлат шурӯъ аз соли 1993 ҷиддан сари ин масъала андеша карда, дар солҳои баъдӣ баргузор намудани онҳоро ба ҳукми анъана даровард ва аксари онҳо дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон анҷом гирифта, ба он зебоӣ, шукӯҳ ва азамати бештаре эҳдо намуданд. Ин ҷо аз рӯи тартиби хронологӣ хотирнишон кардани муҳимтарини онҳо бамаврид аст:
  • Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (5 сентябри соли 1994);
  • Маҷлиси ботантана бахшида ба ҷашни 680-солагии олим ва мутафаккири бузурги шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (4 сентябри соли 1995);
пешина
аз 228
навбатӣ