Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (сентябри соли 1996);
- Семинари байналмилалии илмии «Саҳми аҳди Сомониён дар пешрафти мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ» (15 июни соли 1998);
- Маҷлиси ботантана бахшида ба 90-солагии Бобоҷон Ғафуров (21 декабри соли 1998);
- Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (Санкт-Петербург, 28 апрели соли 1999);
- Чорабиниҳо бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (сентябри соли 1999);
- Ҷашнгирии 960-солагии Умари Хайём (26 октябри соли 2000);
- Конфронси илмӣ бахшида ба 2700-солагии китоби «Авесто» (1-2 ноябри соли 2001);
- Конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба 5-умин ва 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (17 июни соли 2002, 25 июни соли 2007);
- Ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Истаравшан (10 сентябри соли 2002);
- Ҷашнгирии 1000-солагии шоир ва мутафаккири намоёни тоҷик Носири Хусрав (сентябри соли 2003);
- Конфронси байналмилалии илмии «Ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ» бахшида ба 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино (6 сентябри соли 2005);
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (8 сентябри соли 2006);
- Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (сентябри соли 2006);
- Конфронси байналмилалии илмӣ «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (сентябри соли 2007);
- Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ»
бахшида ба 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (сентябри соли 2008); - Симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» (5 октябри соли 2009);
- Ҷашни байналмилалии Наврӯз (25-26 марти соли 2012).
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо
аз як ҷониб рӯ овардани мардум ба таъриху фарҳанги худ, тарбияи насли
наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ бошад, аз тарафи дигар шиносонидани ҷаҳониён бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё