Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба ин маънӣ Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар маҷлиси тантанавии Анҷумани ҳафтуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки 8 сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, аз ҷашнвораҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва шахсиятҳои машҳури тоҷик ёдовар шуда, зикр намуд, ки тавассути баргузор намудани онҳо «мо тавонистем ҷаҳониёнро бо тамаддуни қадимии хеш ошно намуда, онҳоро бовар кунонидем, ки ояндаи мо дар таҳкурсии суннатҳои волои умумибашарӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳанги миллӣ сохта хоҳад шуд». Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «чанде аз ин ҷашнҳо ва солгарди ашхоси бузург бо иштироки намояндагони аҳли илму адаби кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, қабл аз ҳама, Эрону Афғонистон баргузор гардидаанд»
ва «ин робитаҳои илмию фарҳангӣ дар тайи солҳои охир ба густариш ёфтани фазои эътимод, ҳусни ният, равобити неки ҳамкориҳо ва иқдомҳои созанда мусоидат намуданд».
Дар ҳақиқат, ин чорабиниҳо имконияти хуби таблиғи таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик гардиданд. Вале Роҳбари давлат ташаббусро дар ин доира маҳдуд карданӣ нест. Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2006-ум ин нуктаро ба иштирокчиёни Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ гушрас намуда, зикр карда буд, ки «ҳамкориҳои мо бештар дар доираи робитаҳои фарҳангӣ сурат гирифта, асосан бо гузаронидани ҷашнҳо ва бузургдошти фарзандони фарзонаи халқу миллати хеш иктифо мекунем», «ҳол он ки мо бояд дар якҷоягӣ ҷанбаъҳои мухталифи таърихи миллат, забону мероси хаттӣ, илму адабиёт, анъана ва суннатҳо ва арзишҳои маънавию фарҳангиро, ки як баҳри беканорро мемонанд, мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор диҳем». Ба андешаи Роҳбари давлат «маҳз ба ин васила мо имконият пайдо мекунем, ки мероси таърихӣ, дастовардҳои илмию фарҳангӣ, анъанаю суннатҳои миллӣ, нобиғаҳои барӯманди хешро таблиғ намуда, ҷаҳониёнро бо арзишҳои нодири тамаддуни ориёиву исломиамон ошно созем».
Роҳбари давлат дар ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷониба ба густариши робитаҳои гуманитарӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Чунин ҳамкориҳо дар риштаҳои гуногуни гуманитарӣ-фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, маориф, сайёҳӣ ва ғайра ҷараён мегиранд. Яке аз чорабиниҳое, ки ба ҳукми анъана даромада, ба ҷашни дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамёр табдил меёбад, баргузор намудани рӯзҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар хориҷа аст. Дар аксар ҳолатҳо иштироки роҳбарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи чунин чорабиниҳо сатҳу аҳамияти онҳоро баланд мебардорад. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Россия, Озарбойҷон, Беларус, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо бо иштироки беҳтарин ҳунармандону санъаткорони ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар доираи онҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, намоишҳои консертӣ доир шуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ