Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Роҳбари давлат дар Паёми солонаи худ ба парлумони кишвар моҳи апрели соли 2011 ба ин мавзӯъ рӯ оварда, зикр намуд: «Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ҳамватанони мо дар беҳтарин саҳнаҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамоянд. Тавассути дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият санъаткорони мо ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Танҳо дар соли 2010 ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораву озмунҳо ва фестивалҳои 20 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида, фарҳангу ҳунари волои миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд».
Ғайр аз ин, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои иқомат корҳои зиёдеро ҷиҳати муаррифӣ кардани ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд.
Президенти Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дод, ки имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистон байни ҷомеаи ҷаҳонӣ самаранок истифода бурда шаванд. Ба ин хотир баъзе ибтикорот аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд.
Масалан, бо пешниҳоди Тоҷикистон ва чанд давлати минтақа СММ дар бораи Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатънома қабул кард, ки ин санад гувоҳи дар чунин сатҳи баланди байналмилалӣ эътироф гардидани ҷашни ниёгони мо мебошад. Ё худ, дар мақари СММ дар Ню-Йорк бо иштироки Дабири Кулли СММ Пан Ги Мун бахшида ба 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашнвораи байналмилалӣ доир шуда буд.
Роҷеъ ба ҳамкориҳои гуманитарӣ корҳои зиёде бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҷараён мегиранд. ЮНЕСКО мувофиқи салоҳияту вазифаҳо ва имкониятҳои худ лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва комуникатсия дастгирӣ менамояд. Ҷойгоҳи асосиро дар рушди ҳамкории дуҷонибаи байни Тоҷикистону ЮНЕСКО Барномаи иштироки ЮНЕСКО ишғол мекунад, ки дар доираи он солҳои 1994-2011 дар ҷумҳурӣ беш аз 80 лоиҳа амалӣ гардид.
Ин ҷо чанд самтеро дар доираи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО махсусан зикр кардан лозим аст, ки ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор доранд.

пешина
аз 228
навбатӣ