Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Яке аз масъалаҳои муҳим тарғиби санъату ҳунари тоҷикон аст, ки ба ин хотир бо иштироки Президенти Тоҷикистон дар Париж Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО баргузор шуд. Ин чорабинии муҳим моҳи октябри соли 2005 бо иштироки намояндагони санъату ҳунари тоҷик дар Дабирхонаи кулли ЮНЕСКО дар ҳошияи 33-юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО доир гардид. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО шаҳодати эҳтироми ин созмони бонуфузи умумибашарӣ ба фарҳанги миллати соҳибхиради тоҷик мебошад. Роҳбари давлат пас аз муддате бо ишора ба ин чорабинӣ зикр намуд, ки «тавассути таҷлили Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохтем, ки миллати тоҷик бо ҳунари воло ва санъати беназири худ метавонад дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми муносиб гузорад». Роҳбари давлат баъдтар дар мақолаи худ, ки дар маҷаллаи «Ирано-Славика» (№2(10), 2006) ба табъ расид, сари ин мавзӯъ баргашта, роҷеъ ба суханронии худ дар 33- юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО чунин навишта буд: «Дар вазъи сиёсие, ки дар марҳилаи кунунӣ эҷод шудааст, бояд роҳҳо ва шеваҳои нави гуфтугӯи миёни тамаддунҳоро пайдо кунем. Ман зимни суханронии хеш дар 33-юмин Маҷмааи Умумии ЮНЕСКО ба таърихи 10 октябри соли 2005 дар Париж таъкид кардам, ки асри XXI аз мо ахлоқи ҳамидаро тақозо дорад. Агар тамоми аҳолии сайёра ба кодекси ахлоқии ягона пойбанд бошанд, он гоҳ арзишҳои умумибашарӣ пойдор мемонданд ва иддаоҳои бартарии як идеология бар идеологияи дигар, як ҷаҳонбинӣ бар ҷаҳонбинии дигар ба боди фаромӯшӣ супурда мешуд. Маҳз аз ин дидгоҳ мо Соли тамаддуни ориёиро бузург медорем. Ҳадафи ин иқдоми фарҳангӣ намоиши пайдоиши нажодии вижаи халқи мо ва ё бартариҷӯиҳои хосаи ӯ бар нажодҳо, халқҳо ва халқиятҳои дигар нест. Ҳадафи мо таҷлил аз арзишҳои ахлоқӣ, илмӣ ва таърихии халқест, ки тамаддун ва фарҳанги бузургро офаридааст. Мо мехоҳем ба одамони саросари ҷаҳон ахлоқи волои авастоиро муаррифӣ кунем, ки дар олитарин арзиш: «Пиндори нек, Гуфтори нек, Рафтори нек» таҷаллӣ ёфтааст.
Мо дар ҷустуҷӯи роҳҳои худ дар амри созиш, ҳамкорӣ ва ҳамфаҳмии миёни тамаддунҳо ба дастовардҳои маънавии фарҳангҳои воқиан башардӯстона, ки фарҳанги ориёӣ аз ин қабил аст, таваҷҷӯҳ зоҳир накарда наметавонем».
Масъалаи дигар – ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил кардани ёдгориҳои таърихӣ ва табиии Тоҷикистон мебошад.
Рӯйдоди муҳиме, ки дар ин самт ба вуқӯъ пайваст, ворид гардидани якумин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм» (истиқоматгоҳи ҳазорсолаҳои IV-II пеш аз милод дар наздики шаҳри Панҷакент, ки он ҷо маъбадҳои оташ, биноҳои ҷамъиятӣ, иқоматӣ ва маданӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шудаанд) ба Феҳрасти номбурда мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё