Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Барои дохил намудан ба Феҳраст боз 17 ёдгории арзишманд пешниҳод гардидаааст: Кофирқалъаи қадим (Ҳелавард), мадрасаи «Хоҷа Машҳад», Панҷакенти қадима, шаҳраки Ҳулбук, маъбади буддоии «Аҷинатеппа», шаҳраки «Тахти Сангин», қалъаи Ҳисор, шаҳраки Бунҷикат, қалъаҳо ва иншоотҳои мадании Вахон (Помир) ва Боғи миллии Тоҷикистон.
Ғайр аз ин, аз тарафи ЮНЕСКО мусиқии класикии «Шашмақом» 11 ноябри соли 2003 ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва мероси гаронбаҳои инсоният шинохта шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад.
Дастоварди дигари робитаҳо ворид гардидани ҷашнҳои бузургони илму фарҳанги тоҷик ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад.
Аз ҷумла, ҷашнҳои 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100-солагии шоир ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода ба ин феҳрист ворид гардида буданд.
Бо пойдор гардидани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо унвони ЮНЕСКО «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-2003 сарфароз гардидааст.
Ҳамкорӣ бо ин ташкилот ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мероси бойи маданӣ, таърихӣ ва маънавии халқи тоҷикро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва барои наслҳои оянда ҳифз намояд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин дастгирии ЮНЕСКО гуфта буд:
«Боиси сарфарозист, ки чандин иқдомҳои бузурги фарҳангии мо барои рушди шоҳкории мусиқии классикии «Шашмақом», мусиқии миллии «Фалак», таҷлили ҷашни бузургони илму адаб ва фарҳанг, бузургдошти шаҳрҳои бостонӣ ва ёдгориҳои таърихӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО амалӣ шудаанд ва мешаванд».
Дар ин росто бо яке аз ниҳодҳои муҳими Созмони ҳамкории исломӣ – Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) робитаҳои самарабахш ҷараён доранд. Аз ҷониби ИСЕСКО дар соли 2010 Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ дар қитъаи Осиё эълон гардид.
Чунин ҳамкориҳои самаранок дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Муасиссаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷараён дода мешаванд.
Роҳбари давлат дар мавриди шиносоии тоҷикону Тоҷикистон ба ҷаҳониён ба Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангии тоҷикистониёни хориҷи кишвар, диаспораи тоҷикистонӣ ва дигар хайрхоҳону алоқамандони Тоҷикистон такя мекунад.

пешина
аз 228
навбатӣ