Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин самт хусусан Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки Раисии онро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар маҷлиси тантанавии Анҷуман, ки 8 сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар зикр намуд, ки «ин созмони бонуфуз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии хеш як пуле миёни мардуми Тоҷикистон бо ҳамватанону ҳамзабононамон гардид». Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «ҳатто баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ низ қувваҳои бадхоҳе мавҷуд буданд, ки кӯшиш менамуданд вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари моро ба ҷаҳониён мураккаб нишон диҳанд ва муносибати дигар давлатҳоро бо Тоҷикистон халалдор созанд», вале аъзои Анҷуман ва дигар дӯстони ҳақиқии миллату давлати тоҷикон дар чунин шароити душвор ба Ватани мо сафар менамуданд, ҳақиқати воқеии вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро ба чашми худ дида, ба ҷаҳониён мерасониданд. Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки «ҳамин тариқ дар хориҷ аз Ватани мо мардум ҳар чи бештар огоҳӣ пайдо мекунанд, ки тоҷикон дорои давлати мустақиланд ва бо такя ба арзишҳои олии инсонӣ, фарҳанги бостонии ниёгони худ, хирад ва суннатҳои неки давлатдории эшон талош доранд, ки давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эҷод кунанд ва ҷомиаи шаҳрвандиро устувор созанд».
Роҳбари давлат аз иштирокчиёни Анҷуман даъват ба амал овард, ки дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон низ иштироки фаъолона дошта бошанд, ташаббуси густардаву фаъолтар нишон диҳанд, дар амалӣ намудани барномаҳои мухталифи иқтисодии барои тарафҳо муфид ширкат варзанд, корхонаҳои хориҷӣ ва соҳибкорони алоҳидаро баҳри сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷалб намоянд.
Дар хориҷи ҷумҳурӣ, дар аксари кулли кишварҳое, ки тоҷикистониён иқомат доранд, ҷамъиятҳои фарҳангию миллӣ таъсис додаанд, ки аз як тараф барои сарҷамъ кардани ҳамватанон ва алоқамандони онҳо хизмат кунанд, аз ҷониби дигар тарғибгари хуби фарҳанги халқи худ мебошанд. Ин ҷамъиятҳо бо шаклҳои гуногун фаъолият намоянд ҳам, мақсаду мароми онҳо ба ҳамдигар монандӣ доранд ва дар ҷодаи муаррифӣ намудани паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ ва фарҳангу ҳунари тоҷикон нақши фаъол доранд.
Самти дигари ба хориҷиён муаррифӣ намудани Тоҷикистонро Роҳбари давлат дар истифодаи самаранок аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи Интернет, чопи китобу маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои паҳн кардани иттилоот муайян намуд.

пешина
аз 228
навбатӣ