Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Шоистаи зикр аст, ки дар ин ҷода Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти шахсии худ намунаи ибрат аст. Чопи мақолаҳо, мусоҳибаҳо бо хабарнигорон, мулоқотҳои сершумор бо аҳли илму фарҳанги хориҷӣ ва дигар иқдомҳои Роҳбари давлат имкон доданд, ки доираҳои васеъ дар бораи мардум ва давлати Тоҷикистон маълумоти муътамад дошта бошанд. Шоистаи зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯъҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, тамаддуни ориёию исломӣ, осору афкори бузургмардони халқи худ китобу мақолаҳои зиёд эҷод кардааст. Дар ин росто, миёни иқдомҳои анҷомдодаи Эмомалӣ Раҳмон аз асари оламшумули ӯ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ёдовар шудан зарур аст, ки ба забонҳои русӣ, англисӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ, дарӣ, форсӣ ва олмонӣ ба табъ расида, дар кишварҳои мухталифи олам алоқамандони зиёд пайдо кард.
Ҳамин тариқ, Роҳбари давлат ҷиҳати ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани халқу давлати худ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, ба он муваффақ шуд, ки имрӯз дар миқёси олам сафи дӯстону ҳамёрони кишвар батадриҷ меафзояд ва ин дар навбати худ барои мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд шудани обрӯ ва эътибори он миёни соири давлатҳо, дарёфти ҷойгоҳи сазовори он мусоидат менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё