Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ОХИРСУХАН

Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад,
В-он чи пирӯзию беҳрӯзӣ дар он аст, он диҳад...
Саъдии Шерозӣ

Шайх Саъдӣ дар «Гулистон»-аш ҳикмате дорад: «Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат». Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба маснади олии Роҳбари давлат интихоб шуд, ки аз бесиёсатӣ мулк мушкилтарин давраи таърихи худро ба сар мебурд.
Дар ҳолате, ки кишвар гирифтори ҷангу хунрезӣ, шаҳру деҳкадаҳо дар марказу ҷануби кишвар дар коми оташ, ҳазорон касон куштаву беному нишон, ҳазорони дигар гурезаву сарсону саргардон аз пайи наҷоти худ буданд, ба бахти ин мардуми гирифтори яъсу ноумедӣ Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба арсаи сиёсат баромад ва инони давлатдориро ба даст гирифт.
Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз ҷавонии худ дар кори давлатдорӣ истеъдоду ҳунари фавқулодае нишон дод ва ба сиёсати мулк чун соҳибтаҷрибае даст зад, ки гӯӣ барои ҳамаи ҷодаҳои пешгирифтааш барномаи қаблан тарҳрезишудае дошт. Ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ корҳо аз рӯи мантиқу пайдарпайии муназзам роҳандозӣ шуда, мушкилоти печидаву мураккаби ҷумҳурӣ тадриҷан, қадам ба қадам ҳалли худро пайдо карданд.
Агар ба таърихи бист соли гузашта назар андозем, мебинем, ки Тоҷикистон дар ибтидо барои таҳия ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ комилан таҷриба надошт ва яке аз сарчашмаҳои мухолифати шаҳрвандии солҳои аввали истиқлолият низ ҳамин буд. Дар баробари ин, тавре зикр гардид, ҷумҳурӣ дар гирдоби мухолифату ҷанги бародаркуш ва бӯҳрони сартосарӣ ниёз ба наҷотбахши тавоно ва мудаббиру корозмудае дошт, ки онро аз ин варта берун кашонад. Дар чунин шароит ба Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки ҳам таҷрибаи сарварӣ андӯзад, ҳам вазъияти хушунатборро омӯзад ва ҳам дар шароити ниҳоят вазнину печида қарорҳои дуруст қабул намояд.

пешина
аз 228
навбатӣ