Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бояд эътироф кард, ки сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин дурандешона ва пайгирона ҷараён гирифта, ӯ сарфи назар аз аҳволи мураккаби ҷумҳурӣ бо истифода аз имкониятҳои хориҷӣ роҳи ҳалли мушкилтарин масъалаҳоро пайдо намуд. Ин сарвар ва сиёсатмадори ҷавон, ки шахсияташ бо ростиву сафои ботин, бо донишу хиради азалии мардуми тоҷик ороста буд, барои фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани иқтисоди харобгардида, бозгардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, музокира кардан бо мухолифини сиёсӣ тамоми имкониятҳои заруриро пайдо ва сафарбар намуд. Созмони Милали Муттаҳид сарпарастии музокиротро ба ӯҳдаи худ гирифт, давлатҳои кафил барои баргузор намудани мулоқоту гуфтушунидҳо шароит фароҳам оварданд.
Дасту дили нияти пок ва истеъдоди сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон боис шуданд, ки чандин созмони байналмилалию ғайриҳукуматӣ ба ҷобаҷосозии гурезаҳо, барқарор кардани манзилҳои харобгардида, расонидани кумакҳои башардӯстона даст зананд. Кишварҳои дӯст аз Ғарбу Шарқ ба Роҳбари Тоҷикистон ҳамраъйии худро изҳор намуда, ҷумҳурии моро аз нигоҳи сиёсӣ ва молӣ дастгирӣ мекарданд. Гурӯҳҳои коршиносону мутахассисон аз СММ, САҲА, ниҳодҳои молиявӣ, кишварҳои пешқадами Ғарб дар таҳияи санадҳо барои гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, таҳияи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ, баргузор намудани интихобот, созмон додани институтҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дасти кумаки холисона дароз карданд.
Ҷасорату ҷавонмардӣ, фаросату заковати фитрӣ ва фазилати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, ки мухолифат тадриҷан фурӯ нишаст, сохторҳои давлатӣ ба кор даромаданд, ҳаёти мардум ба маҷрои худ баргашт, заминаҳои ислоҳоту таҷаддуд ва такомули низоми давлатдории миллӣ пайрезӣ гардиданд. Моҳи ноябри соли 1994 Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин давлате буд, ки тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул кард. Ба дунболи ин Роҳбари давлат ваҳдати миллиро ба меҳвари идеологияи миллӣ табдил дод ва фарҳанги сулҳофарии ӯ чун намунаи ибратомӯзи истифода аз дипломатияи боздоранда ва дарёфти роҳҳои мусолиматомези рафъи муноқишаҳои дохилӣ эътироф ва пазируфта шуд.
Роҳбари давлат дар сиёсати хориҷӣ роҳу равиш ва шеваи наверо пеш гирифт, ки тавассути он Тоҷикистон бо такя ба андӯхтаҳои таърихии хеш ва бо дарки амиқи манфиатҳои миллӣ тавонист бо олами беруна муносибату ҳамкориҳои муваффақонаро роҳандозӣ намуда, дар сиёсати байналмилалӣ ва арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кунад.

пешина
аз 228
навбатӣ